Дар нимсолаи аввал дар Самарқанд 4127 то корхонаву ташкилотҳои нав таъсис дода шуданд


Дар базаи регистри ягонаи давлатии корхонаҳо ва ташкилотҳо, 37 ҳазору 19 то корхонаву ташкилотҳо (ба истиснои фермерҳо) ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 34 ҳазору 790 тояшон (94 фоиз) фаъолият доранд. Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 4127 то корхона ва ташкилотҳои нав таъсис дода шуданд.
Мувофиқи маълумотҳо дар шаш моҳи охир корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 7551,3 миллиард сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд. Ин нишондиҳандаи ҳаҷми воқеии маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 86,4 фоиз мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ ба маблағи 2808 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол карданд, ки ҳиссаи онҳо дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 37,2 фоизро ташкил дод.
Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар вилоят 2744,9 миллиард сӯм корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,4 фоизро ташкил медиҳад. Корҳои амалигаштаи сохтмонӣ аз рӯи шакли моликият ба шакли давлат ва нодавлатӣ тақсим мешаванд, ҳиссаи давлат дар ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 3,2 фоиз ва ҳиссаи нодавлатӣ 96,8 фоизро ташкил медиҳад.
Фазлуллоҳ Эшонқулов,

Корманди хизмати матбуоти Садорати статистикаи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ