Интихоботи раисҷумҳурии Белорус баргузор шуд


Интихоботи раисҷумҳурии Белорус бо овоздиҳии беш аз 50 дарсади овоздиҳандагон баргузор шуд. Дар ин бора комиссияи марказии интихоботи Белорус хабар дод.
Бар асоси қонуни Белорус, агар беш аз нисфи овоздиҳандагон дар интихобот иштирок кунанд, ин интихобот баргузоршуда эътироф мегардад.
Имрӯз, 9 август рӯзи асосии овоздиҳӣ буд. Вале шаҳрвандони Белорус метавонистанд, дар муддати 5 рӯз пеш аз рӯзи асосӣ овоз диҳанд ва аксари мардум аз ин имконият истифода бурданд.
Бино ба додаҳои комиссияи марказии интихоботи Белорус, беш аз 41,7 дарсади овоздиҳандагон дар 5 рӯзи қаблӣ овоз додаанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ