Аз 10-уми август дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ пай дар пай бардошта мешавад

Аз 10-уми август дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ пай дар пай бардошта мешавад

Аз 10 август дар ҳудуди Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ пай дар пай бардошта мешавад. Дар ин бора ҳокимияти вилояти Бухоро хабар медиҳад.
Аз фардо фаъолияти муассисаҳои зерин иҷоза дода хоҳад шуд:
тарабхона, кафе ва дигар маконҳои истеъмоли таом (дар баробари ин баргузории шабнишиҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар дохили онҳо иҷоза дода намешавад);
меҳмонхонаҳо;
тамрингоҳҳо барои машқи бадан;
марказҳои омӯзишии ғайридавлатӣ (дар гурӯҳ набояд беш аз 10 кас ҳузур дошта бошад);
кӯдакистонҳои хусусӣ ё ғайридавлатӣ;
бозорҳои либос ва масолеҳи сохтмонӣ;
сартарошхонаҳо ва кошонаи ҳусн. 
Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуд.
Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабиро иҷоза доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ