Торикӣ ба рӯҳияти кӯдак чӣ хел таъсир мерасонад

Торикӣ ба рӯҳияти кӯдак чӣ хел таъсир мерасонад

  • Post category:Ҷамъият

Мо дар бинои бисёрошёна зиндагӣ мекунем. Дар рӯ ба рӯи бинои мо боз як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ қад рост кардааст. Дар байни ду бино майдончаи бачагон ҷойгир аст. Азбаски мо дар хонаи «Камолот» умр ба сар мебарем, қисми асосии истиқоматкунандагон оилаҳои ҷавон мебошанд ва дар ҳар як оила 2-3 нафар бачагони хурдсол ҳастанд.
Вақте ки мо кӯдак будем, доим модаркалон ва падару модарамон моро пас аз ғуруби офтоб ба кӯча баромаданӣ намемонданд. «Ҷин мезанад», «Арвоҳҳо гирифта мебаранд», «Дуздон медузданд» мегуфтанд. Мо аз тарс, баробари фарорасии шом ба хона медаромадем. Ҳатто пардаҳои тирезаро мепӯшондем, то аҷинаҳо аз тиреза моро набинанд. Агар зарурате пеш ояд, ҳамроҳи ягон аъзои калонсолтари хона берун мебаромадем. Рости гап, аз дуздида рафтани дузду аҷинаҳо метарсидем. Модаркалонам доим таъкид мекарданд, ки ҳаво торик шавад, ҷину шайтонҳо ба кӯча мебароянд ва агар хурдсолонро бинанд, ба онҳо таъсир мерасонанд. Дар натиҷа, фарзандон бемор мешаванд.
Пас аз ба хонаи бисёрошёна кӯчидан, умуман бо вазъияти дигар рӯ ба рӯ гардидам. Дар ин ҷо бачаҳо то поси шаб дар кӯча мегарданд. Қисми асосии онҳо бачаҳои 4-5 сола мебошанд, ки ҳатто ба мактаб намераванд. Аксари падару модарон «гӯшам тинҷ бошад. Сериаламро бемалол тамошо кунам» гуфта, бачаҳои худро ба кӯча сар медиҳанд. Дар кӯча бо чӣ кор машғул гардидани фарзандонашон барои онҳо аҳамияте надорад. Ҳатто дар шароити имрӯза, ки ҳукумат ҳамаро барои дар хона нишастан даъват мекунад ва зарурати бе мақсад кӯча набаромаданро таъкид месозад, бачаҳои хурдсол ҷамъ гардида, машғули бозӣ мешаванд.
Гоҳо то соати 11-12-и шаб дар берун бозӣ мекунанд. Хоби одамонро нороҳат месозанд. Борҳо шудааст, ки дар торикӣ аз аттраксионҳо афтода, захм бардоштаанд.
Рӯзе духтарчаам шабона «ман кӯча баромада, ҳамроҳи дугонаҳоям бозӣ мекунам» гуфт. «Шаб дузду аҷинаҳо ба сайд мебароянд. Бачаҳои хурдсолро бинанд, дуздида мераванд» гуфтам. «Ҳамон аҷинаҳо чаро бачаҳои ҳамсояамонро намебаранд? Охир онҳо то нисфи шаб бозӣ мекунанд-­ку», гуфта ба худам савол дод. Чӣ ҷавоб доданро надонистам.
Рӯзе дар ҳамин бобат бо ҳамсоязани пурдида Саодатмомо сӯҳбат кардам.
– Торикӣ ҷин дорад мегӯянд, ки ин гап ҷон дорад, – гуфтанд момо. – Пештар либосҳои кӯдаки чилладорро, то чиллааш набарояд, дар торикӣ намегузоштем. Чунки ин ба кӯдаки навзод таъсири бад мерасонад. Шабона кӯдак хоби бад дида, нороҳат мешавад. Ин ҳақиқат аст. Гузаштагон беҳуда нагуфтаанд.
Дар торикӣ ҳар як ашё ба назар чун як ҷондор намуданаш мумкин. Масалан, як ресмони оддиро мор гумон мекунед. Бояд гуфт, ки бача рӯҳи нозук дорад. Ҳама чиз ба рӯҳияти вай зуд таъсир мерасонад. Аз сояи ягон чиз ҳам сахт тарсиданаш мумкин. Ин тарс дар аввал таъсир намекунад. Таъсир кунад ҳам, бачаи хурдсол пай намебарад. Аммо бо гузашти солҳо дар мағзи устухони бача ҷойгир шуда, баъд паёмадҳои нохушро ба бор меорад. Бача зуд-­зуд бемор мешавад. Рӯҳияташ хаста мегардад. Ба андак чиз асабонӣ мешавад. Чун порчаи коғаз зуд дармегирад. Барои ҳамин, дар торикӣ кӯча набаромадани бачагон хубтар аст. Агар хоҳем, ки фарзандонамон сиҳату солим, бе ягон нуқсу камбудӣ ба камол расанд, ба ин масъала бояд эътибор диҳем.
Фарзандон мӯниси дилу ҷони ҳамаи мо мебошанд. Ҳимояи онҳо аз ҳар гуна бало ва хатарҳо вазифаи асосии мо, падару модарон аст. Мо набояд барои аз овони кӯдакӣ шикас­тарӯҳ гардидани онҳо роҳ диҳем.

ШОҲСАНАМ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ