ТАРБИЯИ МАЪНАВИЮ АХЛОҚИИ ҶАВОНОН

ТАРБИЯИ МАЪНАВИЮ АХЛОҚИИ ҶАВОНОН

Худо  он миллатеро
 сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти 
хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре 
надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон 
кишт.
(Иқболи  ЛОҲУРӣ).
Тарбияи инсони бомаънавияту хушахлоқ аз қадимулайём яке аз масъалаҳои асосии ҷомеа буд ва чунин мемонад. Зеро тарбияи инсони маънан рушдкарда басо кори мушкил ва заҳматталаб буда, меҳнат ва таҷрибаи зиёд талаб мекунад. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки зебу зинати одам хирад, адаб ва ҳунар аст. Маърифат ва одобу ахлоқ василаест, ки фард ва ҷомеаро аз кулли ҳаводис ва мушкилоту яъсу ноумедиҳо ва дармондагиҳо наҷот медиҳад. Пас бояд, ки ҷавонони мо ва аҳли ҷомеа дорои маърифат, илму фарҳанг ва ахлоқ бошем, зеро фарҳангу илму ахлоқ беҳтарин аслиҳа, бузургтарин сармояву мағлубнопазиртарин қудратест, ки миллат ва ҷомеаро аз ҳама хавфу хатар нигоҳ медорад.
Расули гиромӣ (с) фармудаанд, ки: “Падару модар барои фарзанд ҷуз ахлоқи нек дигар мероси хубе гузошта наметавонад”.
Барои дарки маънӣ, мафҳум ва фалсафаи худшиносӣ, қабл аз ҳама, моро зарур аст, ки ба умқи гузаштаи хеш ва ба таърихи пурфарозу пурасрори асли худ назар афканем, то бошад, ки бад-ин васила битавонем роҳи имрӯзу фардои хешро бо фонуси фарҳангу мероси гаронсанги гузашта ва имрӯзаи пурифтихори башарият мунаввар созем. 
Осори илмии гузаштагон гаронбаҳотарин мероси фитрии миллат аст, ки маҳз нури пурзиёи он роҳи ҷомеаи башариятро барои дарки ҳастии хеш ва худошиносиву худшиносии миллӣ мунаввар месозад.
Вақти он аст, ки ҷавонони мо аҳли ҷомеаи худ, таърихи худро шиносанд,  яъне аз пайи пирони хирад роҳ паймуда, адабу ҳунар омӯзанд. 
Таҳдидҳои маънавию ахлоқии гоҳ пинҳону гоҳ ошкоро имрӯз ба дину оин ва мероси гаронбаҳои мо хатари ҷиддӣ мерасонанд. Онҳо гоҳо ба урфу одат ва қадриятҳои миллиамон бо назари паст нигоҳ карда, нишонаҳои ақибмондаи ҷамъиятӣ мешуморанд ва онро бо маданияти оммавии худ омехта карданӣ мешаванд. 
Дар натиҷаи бо суръати баланд тараққӣ намудани илму техникаи ҳозиразамон  ва ба вуҷуд омадани ҷараёни глобалӣ майдони ахбор васеъ шуда, зеҳни моро забт мекунад. Баъзан дар ин саҳна мо гӯё тамошобин ҳастему кафкӯбӣ  мекунем, ки чӣ тавр онҳо  фарзандони моро фиреб медиҳанду ба доми макри худ  мекашанд.
Маълум аст, ҳодиса ва воқеаҳои дар гӯшаи дуртарини курраи арз ё он сӯи уқёнус содиршуда дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ ба дигар гӯшаи замин рафта мерасад. Ин яке аз хусусиятҳои асосии ҷараёни глобалӣ мебошад. Ин ҳодиса ва воқеаҳо хусусиятҳои манфӣ ва мусбати худро доранд. Ба ин воқеа ва ҳодисаҳое, ки аз мо фарсахҳо дур аст, лоқайдона муносибат кардан, ба арзишҳои мероси миллӣ ва маънавию ахлоқӣ хиёнат кардан аст. Маданияти оммавӣ, асосан, ба воситаи наворҳои телевизионӣ, ки дар ҳама шабакаҳо гӯё як зарурат ва талаботи ҷамъиятӣ бошад,  намоиш дода мешаванд. 
Ба мавқеи оила, ки асоси пойдории ҷамъият ва давлату миллат асту мо онро муқаддас мешуморем, зарба зада, мавқеи бошарафу ҳурмати  падару модарро  аз байн мебаранд. Дар натиҷа ба тарбияи фарзандон осеб расида, парокандашавии оилаҳои ҷавон авҷ гирифта истодааст. Либосҳои нимбараҳна ё тангу тор пӯшидани занону духтарон чи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва чи дар назди падару модар ва бародарон ҳолати оддӣ шуда мондааст. Гӯё ин як қонуни ҷамъият асту мо аз қонуну қоидаи либоспӯшии миллии худ бехабар ҳастем.
Ҷои эҳтиром  ва анъанаҳои муқаддаси оилавӣ ва миллиро айшу ишрат забт мекунанд. Ин бошад, дили халқ ва миллатеро, ки дину эътиқоди мустаҳкам дораду мероси гузаштагони худро азиз медорад, ба ларза меорад.
Ҷамъияти озоду обод ва оилаи мустаҳкаму ояндаи хубу фаровони миллат ва халқу ватанро фақат  дар асоси ахлоқи поки оилавӣ, мардони баору номуси  ҷомеа ва маърифати баланди мардум сохтан мумкин аст.
Аз ҳамин сабаб, вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ, ҳангоми омӯзиш фанҳои  педагогика, психология, асосҳои маънавият, таърихи дин, этика, эстетика ва дигар фанҳои иҷтимоию сиёсӣ бо шаклу мазмуни нав ғанӣ гардонда шаванд. Мазмуни онҳоро бо ҳадисҳои Расули Акрам (с) ва намунаи асарҳои Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Имом Ғаззолӣ, Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Абӯнасри Форобӣ, Фаридуддини Аттор, Баҳоуддини Нақшбанд, Саъдии Шерозӣ,

Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Алишери Навоӣ, Сӯфӣ Аллоҳёр, Суқрот, Конфутсий  ва дигар бузургони сухан, ки ба масъалаи тарбияи ахлоқӣ бахшида шудаанд, ғанӣ гардонидан зарурияти давру замон аст.  
Роҳи дигари раҳоӣ аз  ин таҳдидҳои маънавӣ  ба падару модарони ҷавон ва наврасон омӯзонидани мероси бузурги илмӣ ва маънавию ахлоқии гузаштагон, расму оини аҷдод ва қадриятҳои миллӣ мебошад.

Асрориддин САМИЕВ,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ