Салоҳияти шарқшиносӣ дар донишгоҳ

Салоҳияти шарқшиносӣ дар донишгоҳ

  • Post category:Фарҳанг

Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар давоми мавҷудияти худ гузаштаи ғановатманд ва пурифтихореро аз сар гузаронида, дар ин ҷо олимону профессорони пуртаҷриба фаъолият намудаанд. Вақте ки мувофиқи талаботи донишгоҳ кафедраи забонҳо ва адабиёти Шарқи хориҷӣ ташкил гардид, ба он аввалин шуда, олимаи шарқшинос, хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи Санкт-­Петербург, профессор Ю.Ю Авалиани мудир таъин карда шуд.
Ба кафедра омӯзгорону профессорони мутахассис ҷалб гардиданд. Номзадони фанҳои филология, дотсентон Ҳодӣ Ҳусайн Далилӣ, Н. Беҳбудӣ, Р. Эгамбердиев, Ҷ. Мирсаидов, мутахассисони забон ва адабиёти форс Ҷ. Мирсаидов, Т. Нуриддинов, мутахассиси забони арабӣ Саидҷамол Мирҷаъфаров, ки то имрӯз фаъолият дорад, аз ҷумлаи онҳо буданд. Соли 1975 Ю. Авалиани дар Донишгоҳи Тбилиси рисолаи доктории худро дар мавзӯи « Тадқиқот оид ба фразеология ва феълҳои мураккаби забони курдӣ» ҳимоя намуд. Таҳти роҳбарии ӯ мақолаҳои илмии аъзоёни кафедра дар шаҳрҳои Москва, Волгоград, Тула, Боку интишор ёфтанд. Дар солҳои оянда, Баъд аз вафоти Ю. Авалиани профессор Ҷ. Мирсаидов мудири кафедра шуда кор кард. Дар ин муддат С. Саъдиев низ рисолаи доктории худро бомуваффақият ҳимоя намуд. Дар ин солҳо муаллифи чанде аз китобҳои дарсӣ, дотсент Ҳ. Аҳроров, муаллимон С. Искандарӣ, С. Абдуқодирова низ дар ин ҷо фаъолият доштанд. Дар охири солҳои 80-ум дотсент Н. Беҳбудӣ низ дар ин вазифа кор кард. Соатҳои адабиёти Шарқ ба ҳисоби кафедраи назарияи адабиёти факултети забони русӣ гузаронида шуд. Ҳангоми мудирии профессор Ш. Шукуров омӯзгорони В. Назаров, М. Мирзохоҷаев, Ф. Облоқулов, Д. Обидова ва дигарон аз фанҳои забони арабӣ ва форсӣ дарс додаанд. Аз соли 2010 бо сабаби кӯтоҳ гардидани ҳаҷми дарсҳо он бо кафедраи забон ва адабиёти тоҷик муттаҳид карда шуд. Сентябри соли 2019 кафедра бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Русиам Холмуродов аз нав ташкил гардид ва фаъолияти худро дар асоси Фармонҳои Президенти мамлакатамон ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳукуматамон аз нав оғоз кард.
Имрӯз низ профессорону омӯзгорони кафедра дар чандин равияҳои таълим аз фанҳои забони хориҷӣ, забонҳои Шарқ ва навишти кӯҳнаи ӯзбекӣ ба шогирдон дарс мегузаранд. Дар баробари ин, фаъолияти илмии аъзои кафедра низ қобили таваҷҷӯҳ буда, мақолаҳои илмии онҳо дар маҷаллаву конференсияҳои салоҳиятноки байналхалқӣ чоп мегарданд.
Аъзоёни кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ кӯшиш доранд, ки соҳаҳои гуногунро бо мутахассисони забонҳои хориҷӣ таъмин намуда, салоҳияти донишгоҳро дар миқёси мамлакатамон боз ҳам баланд бардоранд.

А.ВОҲИДОВ, мудири кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ, Ф.ШУКУРОВ, омӯзгори фанни забони арабӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ