Эъзозу эҳтироми иштирокчиёни ҷанг

Имрӯзҳо кормандони сохтори Вазорати мудофиа дар асоси риоя ба қоидаҳои карантин аз саломатии иштирокдорони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ хабар гирифта, онҳоро аз санҷиши тиббӣ мегузаронанд.
Дирӯз роҳбарияти қисми ҳарбии гарнизони Округи марказии ҳарбӣ ба хонадони сокини маҳаллаи «Марҳабо»-и шаҳри Самарқанд, иштирокдори Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ Бектемир Қаршибоев ташриф оварданд. Нахуст Бектемирбобои 97-соларо аз назорати тиббӣ гузаронида, дар хонадон корҳои безараргардониро анҷом доданд. Ба ин марди пурдида, собиқадори ҷанг тӯҳфаҳо супурданд.
Дар рафти сӯҳбат Бектемир Қаршибоев дар бораи хотираҳои солҳои ҷанг, азобу мушкилиҳое, ки аз сар гузаронидааст, ҳикоя кард.
– Он рӯзҳои сахтеро, ки аз сар гузарондем, ба душмани худ раво намебинам, – гуфт Б. Қаршибоев. – Мо бояд ба қадри тинҷиву осоиштагии мамлакат бирасем. Ба ин ҳама неъматҳои Офаридгор шукр гӯем. Имрӯз тамоми мардуми ҷаҳон рӯзҳои санҷиширо аз сар мегузаронанд. Худо хоҳад ин ҳама мушкилот паси сар мешавад ва мо чун пешина хушу хурсандона ба ҳам оғуш мекушоем.
Дар анҷоми сӯҳбат аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ суруди ҷанговаронаи «Катюша» суруда шуд, ки Бектемирбобо аз ин бениҳоят шод гардид.
Хизмати матбуоти Округи марказии ҳарбӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ