Беш аз 100 сарбози Ливан дар задухӯрд бо эътирозгарон захмӣ шуданд


Дар задухӯрди сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Ливан бо эътирозгарон дар Бейрут 105 нафар низомӣ, аз ҷумла, 8 нафар афсар (офитсер) захмӣ шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Al-Hadath хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе дар маркази Бейрут мардум бар зидди ҳукумат тазоҳур карданд. Қутайб Сомӣ Ҷмайел, пешвои собиқи ҳизби мухолифин мардумро ба ин иқдом даъват кард. Эътирозгарон ҳукумати Ливанро ба фасод (коррупсия) муттаҳам карданд ва ҳамзамон баргузории интихоботи пеш аз муддат ва тафтишоти мустақили фоҷеаи 4 августро талаби онҳо аст.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи задухӯрди низомиён ва эътирозгарон беш аз 728 нафар осеб диданд ва як жандарм бар асари захмҳо вафот кард.
Манбаъ: ТАСС

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ