Трамп аз нишасти матбуотӣ “гурехт”

Трамп аз нишасти матбуотӣ “гурехт”

  • Post category:Ҷаҳон


Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА дар голф-клуби шаҳри Бедминстери иёлати Ню-Ҷерси бо рӯзноманигорон мулоқот кард. Вале, ин нишасти матбуотӣ ба охир нарасида қатъ шуд. Хабарнигори CBS News – Паула Рид бо фош кардани дурӯғи Трамп ӯро маҷбур кард, ки мусоҳибаро ба поён нарасонда тарк кунад.
Вақте Трамп бори дигар гуфт, ки лоиҳаи қонуни “Интихоби собиқадорон”-ро ӯ роҳандозӣ кардааст.
Аз ҷумла, Паула Рид пурсид, “Чаро шумо ҳама вақт мегӯед, ки айнан шумо “Интихоби собиқадорон”-ро роҳандозӣ кардаед?”.
Трамп дар ҷавоб кӯшиш кард, ки суханро ба дигар рӯзноманигор бидиҳад. Вале, Паула Рид тавонист гапи худро идома диҳад. Ӯ гуфт, “Шумо гуфтед, ки “Интихоби собиқадорон”-ро амалӣ кардаед. Вале, ин соли 2014 иҷро шуда буд ва Барак Обама, раисҷумҳури он вақт ин қонунро имзо кард. Ҷаноб, шумо сухани дурӯғ гуфтед”.
Ин бор Трамп ба ҳамаи ҳозирон барои таваҷҷӯҳ ташаккур гуфт ва нишасти матбуотиро тарк кард.
Ёдовар мешавем, ки пешвои ИМА Паула Ридро чанде пеш “шарманда” ва “фалшивка” хонда буд, чун, ин бону Кохи Сафедро барои чораҳои нокифоя дар мубориза бо коронавирус танбеҳ карда буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ