COVID — 19: дар Қазоқистон шумораи гирифторон ба 100 ҳазор нафар наздик шуд

Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID — 19 — ро нашр кард.
Теъдоди беморони коронавируси навъи COVID — 19 дар Қазоқистон наздики 100 ҳазор нафар шуд, хабар медиҳад Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон.
Бино ба гузориши расмии ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст.
«Дар кишвар 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст — аз ин ҳисоб 444 ҳолат бо нишонаҳо ва 428 кас бе нишона қайд шудааст», — омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр то нисфирӯзии 9 август, шумораи умумии маризони коронавирус то 98,7 ҳазор кас расид.
Тибқи иттилои манбаъ, пизишкон дар давоми ҳамагирии коронавирус тавонистанд беш аз 72 ҳазор касро табобат кунанд. 
Дар баробари ин аз аввали моҳи август дар кишвар 12 110 ҳолат сабт шудааст, ки нишонаҳояш ба бемории коронавирус монанд аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ