Пули ларзон: дар ин ҷой барои саёҳони дохиливу хориҷӣ самти тамошо ташкил намоянд, кори хуб мешавад

Пули ларзон: дар ин ҷой барои саёҳони дохиливу хориҷӣ самти тамошо ташкил намоянд, кори хуб мешавад

Деҳаи Ҷомбой тобеи маҳаллаи Ҷарқиш­лоқи ноҳияи Самарқанд аст. Он бо маҳаллаи Андиҷонӣ ҳамсарҳад мебошад. Мардуми ин деҳа аз солҳои пасазҷангӣ ҳам дар он сӯйи наҳри Дарғам замин доштанд. Ҳатто бо новаҳои дарози чӯбин аз ин тарафи Дарғам ба он тарафи Дарғам об гузаронда буданд. ёАз деҳа заминашонро дида тавонанд, ки ба сари киштзорашон чарх зада, аз кӯпруки маҳаллаи Даштиобод (Даштисӯхта) мегузоштанд. ёРафту омад ба воситаи кӯпрук дурӣ мекард. Қариб 5-6 километр роҳ вақти зиёди онҳоро мегирифт. Бинобар ҳамин, ҷавонони ғаюр аз Дарғом шино карда гузаранд, як қисм мардум тобистон бо баллонҳо роҳи байни хонаву ҷой ва заминашонро наздик месохтанд.
Аз рӯйи гуфтаи Худойберди Ҳақбердиеви 84-сола барои ҳалли ин масъала аввали солҳои шастуми асри гузашта бо роҳбарии Отақулбобо, ки дар Ҷанги дуввуми ҷаҳони як пояшро бой дода буд, дар болои Дарғам кӯпрукчаи борике сохтаанд. Он, ки дароз буд, дар байн сутунҳо гузоштанд. Солҳои дароз он барои рафтуои одамон ва гузарондани бузу гӯсфандон хизмат кард.
Оби бисёр ояд, аз болояш мегузашт. Хасу хошок ва шоху навдаҳо ба сутунҳои кӯпрук дар мемонданд. Ниҳоят дар як фасли сербориш сутунҳо ба фишори обу шоху шаббаҳо тоб наоварданд ва кӯпрукча вайрон шуд.
– Хоҷаги ҷамоавӣ майдонҳои кишташро васеъ кард, – он солҳоро ба хотир оварда мегӯяд Раҷаббой Тоҷиев. – Дар он тарафи Дарғам лалмикорӣ авҷ гирифт. Ба кишту дарави ғалла рафтуои мардум душвор гардид. Соли 1982 бо ташаббуси сардори бригадаи собиқ хоҷагии ҷамоавии «Ленин байроғи» Аҳад Самадов пули наве сохтанд. Он аз кӯпрукчаи пешина тахминан 50 метр поинтар аст. Фақат ин пул пули оҳанин ё чӯбин не, балки троссӣ мебошад. Бо роҳи ҳашар ва ёрии тракторҳо чор тросси ғафси боқувватро аз ин тарафи Дарғам ба он тарафаш кашида, бо оҳану бетонҳо мус­таҳкам карда бастанд. Дар иҷрои ин корҳо Пӯлодбобову Ҳамидбобо ва дигарон, ки он солҳо ҷавон буданд, саҳми калон гузоштанд.
Ин пули ларзон аст. Бо чор тросс сохта шудааст. Ба болои ду тросси поинӣ барои гузаштан тахтаоҳану чӯбҳо дораду ду тросси болоӣ борои дастдорӣ. Дарозии он 100-120 метрро ташкил мекунад. Ҳангоми аз болояш гузаштан ба болову поин ва чапу рост меларзад. Вале мардум ба таври худ, «аз тросс гузашта омадам», «ровуоямон ба воситаи кӯпруки овозон аст» мегӯянд.
Инак, ин пули ларзон қариб 40 сол боз роҳи мардумро ба қадри 6-7 километр наздик месозад. Аз он мардуми маҳаллаҳои гирду атроф ва Андиҷониву Қавчинон ҳам бемалол истифода мебаранд.
Ҳоло дар он тарафи Дарғам мардум хонаву ҷойҳои обод сохтаанду пункти аҳолинишин ба вуҷуд омадааст. Агар барои саёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз самтҳои тамошоро ба воситаи ин пули ларзон ташкил намоянд, боиси таассуроти аҷоиб ва хушнудии меҳмонон мегардад.

Б.РУСТАМЗОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ