Мардуми Ливан истеъфои раисҷумҳур ва сарвазирро талаб мекунанд

Мардуми Ливан истеъфои раисҷумҳур ва сарвазирро талаб мекунанд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар маркази шаҳри Бейрут задухӯрди эътирозгарон бо низомиён идома дорад. Кормандони пулис барои пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода мебаранд. Эътирозгарон истеъфои раисҷумҳур ва сарвазири кишварро ва интихоботи пез аз муддату тафтиши шаффофи таркиши бандаргоҳи Бейрутро талаб мекунанд.
Дар натиҷаи тезутунд шудани вазъият дар Ливан вазирони муҳити зист ва иттилоот – Дамианос Каттар ва Манал Абдул Самад истеъфо доданд.
Дар зимн, дар ҷойи таркиш дар бандаргоҳи Бейрут амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ идома дорад. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи таркиш беш аз 150 нафар қурбон ва 5 ҳазор нафар захмӣ шуданд. Беш аз 300 ҳазор нафар манзилу ҷойи худро аз даста доданд ва даҳҳо нафар бе ному нишон гум шуданд.
Рӯзи якшанбе дар видеоконфронси байналмилалӣ Фаронса ва дигар иштироккунандагон ваъда доданд, ки барои Ливан 250 миллион евро ёрӣ медиҳанд. Бино ба додаҳои расмӣ, Ливан аз ин таркиш беш аз 15 миллиар доллар зарар дидааст.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ