Нерӯҳои мусаллаҳ дар Минск вазъиятро барқарор карданд

Нерӯҳои мусаллаҳ дар Минск вазъиятро барқарор карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Баъди он, ки натиҷаи интихоботи раисҷумҳурӣ дар Белорус эълон шуд ва натиҷаҳо ғолиб шудани Александр Лукашенкоро нишон доданд, дар шаҳрҳои калони Белорус, аз ҷумла, дар пойтахт – Минск мардуми норозӣ тазоҳур карданд.
Ҳукумати Белорус маҷбур шуд, ки барои аз даст нарафтани вазъияти барқарор низомиёнро ҷалб кунад. Кормандони пулис ва ОМОН чанд нафари эътирозгаронро боздошт карданд, шумори боздоштшудагон дақиқ нест. Ҳоло вазъият дар кӯчаҳои марказии Минск барқарор аст. Эътирозгарон ин кӯчаҳоро тарк кардаанд. Пулис одамонро ба хона баргаштан даъват ва ҳаракати автомобилҳоро назорат мекунад. Чанде аз кӯчаҳоро низомиён бо техникаҳои махсус бастаанд.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси натиҷаҳои интихоботи раисҷумҳурӣ, Александр Лукашенко, раисҷумҳури феълии Белорус тақрибан 80 дарсад овоз касб кардааст.
Манбаъ Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ