Қоидаи ҷазои интизомӣ ба корманд

Қоидаи ҷазои интизомӣ ба корманд


Корфармо метавонад дар сурати вайрон шудани интизоми кор аз сӯи корманд ба ӯ бар асоси Кодекси меҳнат ҷазои интизомӣ таъин кунад.
Корфармо пеш аз таъини ҷазои интизомӣ аз корманд тавзеҳнома (тушунтириш хати) талаб мекунад.
Ҳангоми таъин кардани ҷазои интизомӣ дараҷаи кори нодуруст, вазъияте, ки кори нодуруст содир шуд ва тарзи кори пешинаи корманд ва одобу ахлоқи ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Агар корманд аз ҷазои интизомӣ розӣ набошад, метавонад дар муддати 3 моҳ ба додгоҳ (суд) ё комиссияи низоъҳои корӣ муроҷиат кунад.
Ёдовар мешавем, корфармо ба ташкили кори корманд ва бар асоси ҳуҷҷатҳои меъёриву шартномаи корӣ ба эҷоди шароити корӣ ба корманд масъул аст. Корфармо бояд ба эҳтиёҷу талабҳои корманд таваҷҷӯҳ ва ба беҳтар кардани шароити кориву зиндагии ӯ кӯшиши пайваста дошта бошад.
Манбаъ: zarnews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ