10-уми август: аз рӯзи варзишгарон дар Тоҷикистон барафрохтани дарозтарин парчам дар Ҳиндустон

10-уми август: аз рӯзи варзишгарон дар Тоҷикистон барафрохтани дарозтарин парчам дар Ҳиндустон

Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.

Дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият.

Соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар истиқомат мекарданд.

Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.

Соли 1899 дар Русия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.

Соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Германия бардошта шуд.

Соли 1926 миёни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расид.

Соли 1949 аввалин маротиба дар Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.

Соли 1997 дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ