Алвидоъ, доллар: дар ҳамкориҳои тиҷоратии Русияву Чин саҳми доллар ба камтар аз 50 фоиз афтодааст

Алвидоъ, доллар: дар ҳамкориҳои тиҷоратии Русияву Чин саҳми доллар ба камтар аз 50 фоиз афтодааст

  • Post category:Ҷаҳон

Русия ва Чин дар роҳи паст кардани вобастагӣ аз доллар фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, чунин ранг гирифтани ҳол метавонад дар натиҷа байни Пекин ва Маскав «иттиҳоди молие» -ро ба миён орад, менависад нашрияи машҳури ҷопонӣ Nikkei Asian Review.
Нашрия ба маълумоти Бонки марказии Русия ва Хадамоти федеролии гумруки кишвар истинод мекунад. Бино бар омори ниҳодҳои мазкур, бори нахуст дар торихи ҳамкориҳои тиҷории Русияву Чин саҳми доллар ба камтар аз 50 дар сад афтодааст.
«Доллар фақат барои 46 дар сади муҳосибаи байни Русия ва Чин истифода мешавад. Дар ҳамин ҳол евро 30 дар сад ва пули миллӣ 24 дар сади муҳосибаҳои ду кишварро ташкил медиҳанд», — омадааст дар гузориши Nikkei Asian Review.
Таъкид мешавад, ки солҳои охир, Русия ва Чин дар солҳои охир дар савдои дутарафаашон истифодаи долларро ба маротиб коҳиш доданд.
«Дар соли 2015 қариб 90 дар сади савдои дутарафа тавассути доллар анҷом дода мешуд. Аммо пас аз оғози ҷанги тиҷории байни Амрико ва Чин кӯшишҳои мувофиқакардашудаи Маскав ва Пекин ин нишондод дар соли 2019 камтар аз 50 дар садро ташкил дод», — тавзеҳ медиҳад Nikkei Asian Review.
Тавре мудири Институти тадқиқотҳои Шарқи дури АИР Алексей Маслов гуфт, «дедолларизатсия» ё долларгурезии Амрикову Чин ба «қулла» наздик мешавад, ки метавонад муносибатҳои Маскав ва Пекинро то «иттиҳод» расонад.
«Ҳамкориҳои Русия ва Чин дар соҳаи молия аз он мегӯяд, ки онҳо дар ниҳоят дар ҳоли ёфтани параметрҳои иттиҳоди ҷадид бо якдигар ҳастанд. Бештаринҳо интизор доштанд, ки ин иттиҳод ё тиҷорӣ ё низомӣ хоҳад буд, аммо он ҳоло бешатр ранги молӣ мегирад. Ин барои ҳарду кишваркафолати мустақилӣ медиҳад», — гуфт вай.
Nikkei Asian Review қайд мекунад, ки «дедолларизатсия» аз соли 2014 авлавият дошт. Русия ҳамчунин пас аз таҳримҳои ИМА маҷбур шуд, ки ба асъори амрикоӣ ҷойгузин ёбад.
«Ҳамагуна амалиёти бонкие, ки дар тамоми ҷаҳон тавассути доллар анҷом дода мешаванд, дер ё зуд аз бонки амрикоӣ мегузарад. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Амрико метавонад ба ин бонк супориш диҳад, ки ин ё он амлиётро мутаваққиф кунад», — тавзеҳ дод иқтисодшиноси ING Bank  дар Русия Дмитрий Долгин.
Дедолларизатсия пас аз ворид намудани миллиардҳо доллар молиёт ба колои чинӣ аз ҷониби ҳукумати Доналд Трамп фарохтар гардид.
«Танҳо ба наздикӣ Чин ва иншоотҳои бузурги иқтисодӣ дарк карданд, ки онҳо низ дар вазъи ҳамтоёни русашон метавонанд қарор гиранд: зери таҳримҳо монанд ва ҳатто аз системаи SWIFT берун оянд», — иқрор мешавад, корманди илмии Маркази тадқиқотҳои Шонгхойи донишгоҳи Чжан Син.
Дар натиҷа дар соли 2014 Русия ва Чин созишномаи сесолаи мубодилаи асъорӣ бастанд. Он ба Маскав ва Пекин имконият дод, ки асъори якдигарро бе харидорӣ намудан аз бозори асъор дастрас карда тавонанд. Соли 2017 ин созишномаро ба 3 соли дигар тамдид карданд.
Тобистони соли 2019 ҷонибҳо созишномаи ивазкунии доллар ба пули миллӣ дар савдои байналмилалиро бастанд. 
Афзун бар ин, Русия аз ҳисоби доллар захираҳои юанро фаъолона бой мекунад. Бино бар иттилои Nikkei Asian Review Русия захираи чоряки юанро дар бозори ҷаҳонии асъор азхуд кардааст.
Тавре Маслов мегӯяд, кӯшиши Русия дар ҷамъоварии юан на танҳо бо мутанаввиъ намудани захираҳои асъори кишвар вобаста аст.
«Русия дар муносибат бо Амрико нисбат ба Чин мавқеи қатъиеро ишғол мекунад. Русия ба мубориза одат кардааст, он ба гуфтушунид намебарояд. Русия ба ҳамкории молӣ бо Чин нишон медиҳад, ки Чин низ мавқеашро мисли ӯ қатъӣ карда метавонад», — афзуд вай.
Дар ҳамин ҳол вожгун кардани доллар осон нест.
Ба гуфтаи иқтисодшиноси Донишгоҳи Ҳорвард Ҷеффӣ Франкел, доллар якчанд афзалият дорад, ки то ҳол ягон асъори кишварҳои дунё бо он баробар шуда наметавонанд.
Дар ҳамин ҳол, коршинос иқрор мешавад, ки вазъи долларро қарзи давлатии Амрико ва сиёсати таҳримбардори кишвар метавонад коста кунад.
«Таҳримҳо як воситаи муҳими Амрико мебашанд, аммо кӣ гуфта наметавонад, ки дигарон низ метавонанд ин роҳро пеш гиранд», — гуфт дар анҷом иқтисодшинос.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ