КМИ Беларус натиҷаҳои пешакии интихоботи президентиро эълон кард

Раиси Комиссияи марказии интихоботи (КМИ) Беларус Лидия Ермошина изҳор дошт, дар ҳама минтақаҳои Беларус, ки доир ба ҳисоби овозҳо аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ гузориш доданд, президенти кунунӣ Александр Лукашенко пешсаф аст. Дар ин бора Агентии давлатии иттилоотии Беларус «БелТА» хабар медиҳад.
Интихоботи президентӣ дар Беларус рӯзи якшанбе, 9 август баргузор шуд. Тибқи маълумоти аввалини exit poll, президенти кунунӣ Александр Лукашенко 79,7%, ва пас аз ӯ Светлана Тихоновская 6,8% овоз гирифтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ