Ӯзбекистон – мезбони чорумин Бозиҳои тобистонии Осиё

Ӯзбекистон – мезбони чорумин Бозиҳои тобистонии Осиё

  • Post category:Варзиш


Ӯзбекистон соли 2025 мезбони чорумин Бозиҳои тобистонии Осиё дар миёни ҷавонон мешавад. Девони Вазирон дар бораи омодагӣ ба баргузории ин мусобиқа қарори худро қабул кард. Дар ин бора вазорати адлия хабар дод.
Бар асоси ин қарор, идораи баргузории Бозиҳои тобистонии Осиё – “Тошканд-2025” таъсис меёбад. Ин идора ба кумитаи миллии Олимпия тобеъ хоҳад буд.
Вазифаҳои асосии ин идора роҳандозии тадбирҳои байналмилаливу ҷумҳурӣ барои ташкили Бозиҳои Осиё дар сатҳи баланд аст. Ҳамчунин, дар ин чорчӯб баргузории тадбирҳо, намоишгоҳҳо, конфронсҳо ва анҷуманҳоли илмиву амалӣ низ аз вазифаҳои идора аст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ