Дар ҷараёни интихобот дар Белорус 80 нафар боздошт шуданд


Рӯзҳои 8-9 август дар ҷараёни интихоботи раисҷумҳурӣ дар Белорус 80 нафар боздошт шуданд. Феҳристи боздоштшудагон дар сайти маркази ҳуқуқи башар –“Весна” мунташир шуд.
Кормандони пулис мушоҳидакунандагон, фаъолон, аъзои штаби Светлана Тихановская (номзад ба раисҷумҳурӣ) ва хабарнигорони шабакаи телевизионии «Дождь»-ро боздошт карданд.
Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта, дар Минск садҳо нафар бар зидди натиҷаҳои интихобот тазоҳур карданд. Кормандони пулис ва ОМОН баъди чанд соат вазъиятро барқарор карданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ