Сарбозони Ӯзбекистон дар “Бозиҳои байналмилалии армия-2020” иштирок мекунанд

Сарбозони Ӯзбекистон дар “Бозиҳои байналмилалии армия-2020” иштирок мекунанд


Сарбозони вазорати мудофиаи Ӯзбекистон баъди омодаёбӣ дар размоишгоҳи (полигон) Чирчиқ барои иштирок дар мусобиқаи “Бозиҳои байналмилалии армия-2020” ба Маскав рафтанд. Дар ин бора Азиз Норқулов, рӯзноманигори “Ватанпарвар” хабар дод.
Генерал-майор Баҳодир Қурбонов, вазири мудофиаи Ӯзбекистон пеш аз раҳсипор шудани дастаи сарбозон бо ҳар яки онҳо суҳбат кард, маслиҳат дод ва орзуи комёбӣ кард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ