Оё ниқоб, фосила ва витамини D ба пешгирии COVID-19 кӯмак мекунанд?

Оё ниқоб, фосила ва витамини D ба пешгирии COVID-19 кӯмак мекунанд?

  • Post category:Саломатӣ

«Ман ҳамчун як духтур — мутахассис, ки бевосита ба табобати беморони аз коронавирус сироятёфта машғул мебошам, ин чораҳоро ба мақсад мувофиқ мешуморам, ҳарчанд ки ман мехоҳам фикри дигар дошта бошам, зеро тамоми маҳдудиятҳои иҷтимоӣ нисбат ба ман низ татбиқмешаванд. Масалан, ман наметавонам аз меҳмонхона хориҷ шуда, ба қаҳвахонаи наздиктарин биравам, дар боғҳои шумо қадам бизанам, ба осорхонаҳои олиҷаноби шумо биравам ва ғайра, — гуфт ба хабарнигорон  анестезиолог-реаниматологи категорияи дараҷаи олии Федератсияи Россия, номзади илмҳои тиббӣ, роҳбари маркази ОМЭ (Оксигенатсияи мембрании экстракорпоралӣ) Михаил Кетскало 9 август дар як нишасти матбуотӣ дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон дар Тошканд. Дар ин бора «Kun.uz» хабар медиҳад.
Ба гуфтаи коршиноси рус, ин чораи маҷбурист, зеро ҷамъшавии одамон ба паҳншавии сирояти коронавирус, ки хеле зуд паҳн мешавад, мусоидат мекунад.
«Ба ҳар ҳол, ҳар касе, ки маҷбуран ба утоқе ворид мешавад, ки дар он ҷо одамони дигар ҳастанд ва дар фосилаи наздик қарор доранд, вазифадор аст ниқоб бипӯшад, то худ ва дигаронро муҳофизат кунад, бинобар ин ба ҳар ҳол ниқоб муҳофизат мекунад. Фосилаи иҷтимоӣ, албатта, муҳофизат мекунад. Ва чораҳои карантинӣ, ки ба ҷамъшавии теъдоди зиёди одамон дар баъзе ҷойҳо роҳ намедиҳанд, ҳоло ба мақсад мувофиқанд, сабр бояд кард, то аз ин беморӣ наҷот ёбед», — зикр намуд вай.
Бисёре аз коршиносон даъво мекунанд, ки витамини D дар шакли моеъ барои пешгирӣ  аз сирояти коронавирус кумак мекунад, яъне он барои ба ин беморӣ гирифтор нашудан мадад мерасонад. Дар ин бора Михаил Кетскало чунин гуфт:
«Вақте ки пандемия дар Москва шурӯъ шуд, ман кори худро ҳамчун табиб давом медодам ва чораҳои муайяни пешгирикунандаро, аз ҷумла истеъмоли ҳаррӯзаи витамини D — ро риоя мекардам. Шумо медонед, ки мо дар Москва аз офтоб ҳамчун манбаи ташаккули ин витамин камтар баҳрамандем. Дар Осиёи Марказӣ, ба назарам чунин мушкилот вуҷуд надорад. Хусусан ҳоло, дар тобистон, ки ҳама рӯзҳо офтобиянд. Витамини D-ро бо мақсади пешгирӣ истеъмол кунед, агар шумо ба худ боварӣ дошта бошед, ки сироят нахоҳед ёфт, вале ин кор зарурат надорад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ