Филиппин метавонад пеш аз ҳама ваксинаи зидди коронавируси Русияро озмоиш кунад

Филиппин метавонад пеш аз ҳама ваксинаи зидди коронавируси Русияро озмоиш кунад

  • Post category:Ҷаҳон


Родриго Дутерте, раисҷумҳури Филиппин гуфт, ки кишвари ӯ метавонад пеш аз дигарон ваксинаи зидди коронавируси Русияро озмоиш кунад. Вале, бо ин шарт, ки ваксинаҳо ба Филиппин бепул тақдим шаванд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN Philippines хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Дутерте мехоҳад дар ин бора бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфтугӯ кунад. Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки омодааст, то дар Филиппин якумин шуда дар худ ваксинаро озмоиш кунадю
Ёдовар мешавем, ки Русия чанде пеш барои тендери Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бобати экспорти ваксинаи зидди коронавирус муроҷиат карда буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ