Эътирозгарон ба мақсад расиданд: Ҳукумати Ливан истеъфо дод


Ҳукумати Ливан баъди тазоҳури чандинрӯзаи мардум маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад. Дар ин бора Ҳамад Ҳасан, вазири тандурустии Ливан хабар дод.
Ӯ гуфт, “Ҳасан Диаб, сарвазири Ливан ба зудӣ истеъфои ҳукуматро эълон мекунад.
Ёдовар мешавем, мардуми Ливан баъди таркиши марговар дар бандаргоҳи Бейрут дар кӯчаҳо тазоҳур карданд. Онҳо чандин вазорати кишварро зери назорати худ гирифтанд.
Дар натиҷаи задухӯрди эътирозгарон бо кормандони пулис тақрибан 200 нафар захмӣ шуданд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ