Дар Самарқанд маҳдудиятҳои карантинӣ сабук карда мешавад

Дар Самарқанд маҳдудиятҳои карантинӣ сабук карда мешавад

Аз 12 август дар ҳудуди Самарқанд маҳдудиятҳои карантинӣ пай дар пай бардошта мешавад. Дар ин бора ҳокимияти вилояти Самарқанд хабар медиҳад.
Аз фардо фаъолияти муассисаҳои зерин иҷоза дода хоҳад шуд:
тарабхона, кафе ва дигар маконҳои истеъмоли таом дар асоси риоя ба қоидаҳо аз соати 8:00 то 20:00 (дар баробари ин баргузории шабнишиҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар дохили онҳо иҷоза дода намешавад);
ба ҳаракати автомобилҳо миёни соати 06:00 то соати 23:00;
меҳмонхонаҳо;
тамрингоҳҳо барои машқи бадан;
марказҳои омӯзишии ғайридавлатӣ (дар гурӯҳ набояд беш аз 10 кас ҳузур дошта бошад);
кӯдакистонҳои хусусӣ ё ғайридавлатӣ;
бозорҳои либос ва масолеҳи сохтмонӣ;
сартарошхонаҳо ва кошонаи ҳусн.
Ёдовар мекунем, ки пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона ва Бухоро сабуктар карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ