Тедрос Гебраисус: барои ба ақиб бозгардонидани хуруҷи COVID-19 ҳеҷ гоҳ дер намешавад

Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейюсус гуфт, ки дар вазъи тавсеаи коронавирус дар ҷаҳон нури умед зоҳир шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти ин созмон хабар медиҳад.
Мувофиқи гуфтаҳои Гебреисус, аксари одамон аз пандемия андӯҳгинанд ва чунин мешуморанд, ки ин барои тамоми сокинони Замин лаҳзаи мушкил аст. «Аммо ман мехоҳам дар ин масъала рӯшанӣ биандозам: ҷавонаҳои сабзи умед зуҳур мекунанд ва новобаста аз он ки кишвар, минтақа, шаҳр ё шаҳрак дар куҷо воқеъ аст, барои ба ақиб бозгардонидани хуруҷи COVID-19 ҳеҷ гоҳ дер намешавад», — бовар кунонид ӯ.
Ҳамзамон сарфи назар аз он ки коронавирус ба зудӣ нишондиҳандаҳои калони сироятёбӣ ва фавтро убур менамояд, саранҷоми мусбати вазъ аз эҳтимол дур нест.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи мутахассис, дар ин ҳафта шумораи сироятёфтагон ба 20 миллион ва шумораи фавтидагон ба 750 ҳазор мерасад.
Қаблан директори генералии Созмон дар бораи мубориза бо коронавирус мисол оварда буд. «Якчанд кишвар дар минтақаи дарёи Меконг, инчунин Зеландияи Нав, Руанда ва бисёре аз давлатҳои ҷазиравӣ дар Баҳри Қариб ва Уқёнуси Ором тавонистанд, ки тавсеаи вирусро дар марҳилаи ибтидоии он қатъ кунанд», — зикр намуд вай.
Мутобиқи маълумот, то 11 август дар ҷаҳон беш аз 20 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва аз ҷумла беш аз 732 ҳазор тан ҷон бохта, 12,1 миллион нафар шифо ёфтаанд. Аксари сироятёфтагон дар ИМА, Бразилия, Ҳиндустон, Россия ва Африқои Ҷанубӣ мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ