Ӯзбекистон соҳиби қудратмандтарин армияи Осиёи Марказӣ


“Global Firepower” феҳристи солонаи кишварҳои ҷаҳонро азз рӯи қудрати низомӣ таҳия ва мунташир кард.
Дар ин феҳрист, ки 138 кишвар ҷой гирифт, Ӯзбекистон дар паллаи 52-вум қарор дорад. Қобили зикр аст, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон паллаи болотаринро касб кардааст. Мутахассисон Қазоқистонро дар паллаи 63-вум, Туркманистонро дар 77-ум, Афғонистонро дар 78-ум, Тоҷикистонро дар 94-ум ва Қирғизистонро дар 98-ум ҷойгир карданд.
Дар паллаи аввалини феҳрист Иёлоти муттаҳидаи Амрико, дар паллаи дувум Русия ва дар паллаи савум Чин ҷой гирифтааст.
Ҳамчунин, Ҳиндустон, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Британияи Кабир, Миср ва Бразилия дар даҳгонаи аввали феҳрист қарор доранд.
Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Украина дар паллаи 27-ум, Белорус дар 53-вум, Озарбойҷон дар 64-ум, Арманистон дар 111-ум, Эстония дар 119-ум, Литва дар 83-вум ва Латвия дар 102-ум ҷойгир аст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ