Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» баргузор гардид

Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» баргузор гардид

Имрӯз бо ташаббуси Япония видеоконфронси вижаи вазирони корҳои хориҷии сиғаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.
Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемияи COVID-19, барқарорсозии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов таъкид кард, ки ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби сиғаи «Осиёи Марказӣ+Япония» муҳим буда, дар рушду тақвияти шарокати стратегии миёни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад.
Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари ҳамагирии Ковид-19, Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа тадбирҳои муассир андешида шаванд. Зикр гардид, ки пандемияи COVID-19 башариятро бо таҳдид ва чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Дар робита ба ин, ӯ аз кишварҳои иштироккунанда даъват намуд, ки дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда сарҷамъона кор бигиранд.
Даъват ба амал оварда шуд, то кишварҳои минтақа дар соли 2022 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо Япония муштаракан иқдом кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ