Дар Фарғона ресторану ошхонаҳо фаъолияти худро идома медиҳанд


Дар вилояти Фарғона аз имрӯз, 11 август ба фаъолияти нуқтаҳои хӯрокхӯрии умумӣ рухсат дода шуд. Кормандони нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ бо ниқоби тиббӣ ва дастпӯш хидмат мекунанд. Риоят ба фосилаи иҷтимоӣ низ маҷбурӣ аст.
Аммо дар ресторану кафеҳо баргузории зиёфату дигар маъракаҳо мамнӯъ аст. Нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ аз соати 08.00 то 20.00 ба мардум хидматрасонӣ мекунанд.
Ниҳодҳои масъули вилоят риояти нуқтаҳои хӯрокхӯрии умумӣ ба талабҳои карантин ва қоидаҳои эпидемиологиву санитариро ҳамеша назорат мекунанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ