164 нафар ӯзбекистонӣ аз Миср баргаштанд

164 нафар ӯзбекистонӣ аз Миср баргаштанд


Рӯзи 10 август 164 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон бо парвози махсус аз Миср ба ватан баргаштанд. Дар ин бора “Дунё” хабар дод.
Бино ба хабари ваколатхонаи дипломатики Ӯзбекистон дар Миср, аксари баргаштагон донишҷӯёни донишгоҳҳо ва наздикони онҳо буданд.
Шаҳрвандон баъди баргаштан бар асоси қоидаҳо дар карантини 10-рӯза нигаҳдорӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки то ба ҳол дар Миср беш аз 95 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд. Беш аз 5 ҳазор нафар бемор вафот кардаанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ