Беш аз 300 миллиард сӯм барои 150 ҳазор оилаи камбағал

Беш аз 300 миллиард сӯм барои 150 ҳазор оилаи камбағал

  • Post category:Сиёсат


Бо дастури раисҷумҳури Ӯзбекистон 150 ҳазор оила ба феҳристи хонаводаҳои ниёзманди ёрӣ дохил карда шуд.
Ба ҳар яки ин оилаҳо 220 ҳазор сӯм ёрӣ дода мешавад. Маблағи умумии ёрдампулӣ беш аз 300 миллиард сӯм мебошад.
Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Намангон ба хонаводаҳои ночор як қисми ин маблағро тақсим мекунанд. Баъзе аз хонаводаҳо ёриро дар шакли пули нақд, баъзеҳо бо корти пластикӣ қабул мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишварамон ба муносибати Иди Қурбон фармони кумаки моддӣ ба хонаводаҳои ночорро имзо карда буд. Бар асоси ин фармон беш аз 400 ҳазор хонавода дар умум 380 миллиард сӯм кумакпулӣ гирифтанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ