Рақиби Лукашенко дар интихоботи гузашта Белорусро тарк кард


Светлана Тихановская, ки дар интихоботи гузаштаи раисҷумҳурӣ дар Белорус рақиби асосии Александр Лукашенко буд, ҳоло дар Литва аст. Дар ин бора Линас Линкявичюс, вазири корҳои хориҷии Литва хабар додааст.
Ӯ дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт, “Светлана Тихановская дар Литва аст”.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси маълумоти комиссияи марказии интихоботи Белорус Тихановская дар интихоботи раисумҳурӣ 10,09 дарсад овоз касб кард. Натиҷаи ӯ дар муқоиса бо Лукашенко, ки 80,08 дарсад овоз ҷамъоварӣ кард, хеле паст буд. Вале, Тихановская эълон кард, ки натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунад ва худро ғолиб мешуморад. Баъд ӯ ба комиссияи марказии интихобот шикоят кард. Ҳамчунин, ӯ гуфта буд, ки нияти тарки Белорусро надорад.
Чанде пеш Валерий Вакулчик, раиси кумитаи давлатии амнияти Белорус хабар дод, ки мехостанд ба ҷони Тихановская қасд кунанд.
Манбаъ: Российская Газета

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ