Дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти омӯзгор ҷавобгарӣ дорад

Касе, ки ба фаъолияти педагог ғайриқонунӣ дахолат мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.Тибқи Кодекс оид ба ҷавобгарии маъмурӣ дахолат ба фаъолияти касбии ходимони муассисаҳои таълимӣ ёки мавриди иҷрои вазифаи хидматии онҳо муқобилият нишон додан боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Чанде пеш дар шабакаи интернетии телегромми “Омӯзгори асри XXI” доир ба кори омӯзгорон дар соли хониши нав паёмҳои тозаву обнарасида эълон карда шуд, ки боиси дастгирист.  
Барои ин гуна ҳуқуқвайронкунӣ аз шаҳрвандони оддӣ ба миқдори аз 5 то 7 баробари ҳадди ақалли музди меҳнати моҳона (аз 1 миллиону 115 ҳазор сӯм то 1 миллиону 561 ҳазор сӯм), аз шахсони мансабдор ба миқдори аз 7 то 10 баробари ҳадди ақалли музди меҳнати моҳона (аз 1 миллиону 561 ҳазор сӯм то 2 миллиону 230 ҳазор сӯм) ҷарима ситонида мешавад.
 Агар ҳамин гуна ҳуқуқвайронкунӣ пас аз иҷрои ҷазои маъмурӣ дар муддати як сол такроран содир карда шавад, аз шаҳрвандони оддӣ ба миқдори аз 7 то 10 баробари ҳадди ақалли музди меҳнати моҳона (аз 1 миллиону 561 ҳазор сӯм то 2 миллиону 230 ҳазор сӯм), аз шахсони мансабдор ба миқдори аз 10 то 15 баробари ҳадди ақалли музди меҳнати моҳона (2 миллиону 230 ҳазор сӯм то 3 миллиону 345 ҳазор сӯм) ҷарима ситонида мешавад.
Ходими муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки ба шахси ҳуқуқвайронкарда баённомаи маъмурӣ тартиб надода, дар аризаи худ шахси ҳуқуқвайронкунанда, ҷойи содиршуда, вақт ва моҳияти онро нишон дода, ба суд муроҷиат намояд.
Оре, ин тартиб айни муддаост. Зеро вақтҳои охир чунин амалиёти ғайримақбул дар баъзе муассисаҳои таълимӣ рух дода истода буданд. Ин ҷо бамаврид аст, ки аз кори яке аз муассисаҳои таълимии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, ки чанд сол қабл аз ин бо камина рух дода буд, ёдовар шавам. Боре бо мақсади дидорбинии шогирдам, ки бо аҳли оилааш ба он ҷо кӯч баста буд, ба омӯзишгоҳаш рафтам. Мактаб посбонҳои давлатӣ дошт. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не,на касеро ба мактаб даромадан мемонд ва на баромадан. Ҳамин тавр камина шогирдамро дар таълимгоҳаш дида натавонистам…
Аммо дар мо-чӣ? Муаллимро дар саҳнаи мактаб лагадкӯб ҳам кардаанд. Гузашта аз ин, ду омӯзгорро ба сабаби занозанӣ  ҳангоми дарс танбеҳ ҳам додаанд. Ҳатто дар мактабҳо корҳои ҷиноятӣ сар задааст ва ғайра.
Ҷараёни таълим дар мактабҳо бинобар сирояти тоҷвирус тағйир ёфт. Дар баъзе мактабҳо таълим тариқи онлайн ба роҳ монда шуда бошад, дар баъзеи дигар омӯзиши масофавӣ истифода шуд. Тарзи дарсгузариҳои мобилӣ ба роҳ монда шуданд. Дар баъзе мактабҳои дурдаст бинобар набудани алоқаи мобилӣ омӯзгорон хона ба хона гашта, дарс гузаштанд. Дар ана ҳамин гуна маврид ҳоли мактабҳое,ки таълим ба забони тоҷикӣ бурда мешуданд, чӣ гуна буд? Дар мактабҳои таълимашон ба забони давлатӣ тариқи онлайн хеле хуб кор дод. Каналҳои телевизион сари вақт барои банд кардани вақти донишомӯзон фаъолона кор бурданд. Самарааш ҳам бад нашуд. Қариб аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ озмунҳои фаннӣ гузаронда шуданд. Ғолибон ҳавасманд гардонда шуданд. Аммо таълими забони тоҷикӣ-чӣ? 
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ “Омӯзгори тоҷик” ва “Забон ва адабиёти тоҷик”, ки Асадулло Шукуров ва Ҷумъаназар Эшонқулов ташкил карданд ва бо ёрии омӯзгорон то ҳадди имкон дарсҳо гузаронда шуданд. Шукр, ки дертар ҳатто озмунҳо ба роҳ монда шуда, донишомӯзони зиёди мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ ҷалб карда шуданд. Имрӯзҳо ба гӯш мерасад, ки гӯё муаллимон дар даврони сирояти эпидемия беҳуда маош гирифтаанд. Ба қарибӣ яке аз дастпарварони худам, ки омӯзгори мактаби миёна аст, тавассути телефон занг зада айнан дар ҳамин бора гап кушод. Гуфт, ки дар маломату таънаи падару модароне мондааст, ки агар дар кӯча бинанд, дар ин хусус гап мезадаанд. Рости гап, худам, ки омӯзгорам, дар ибтидои кор каме сару по хӯрдам. Ҳақиқатан ҳам, ба роҳ мондани омӯзиши масофавӣ бароям мушкилиҳо дошт. Аммо бо гузашти вақт ва ҷӯйишҳои пайдарпай ин тарзи омӯзиш осон шуд. Ин дар муҳите, ки ман дарс мегузарам ва шогирдоне, ки бо алоқаи интернетӣ таъминанд, гӯш мекунанд. Аммо дар хатҳои дурдасти кишвар-чӣ? Ба хусус дар деҳот. Дар ҷойе, ки алоқаи интернет ба роҳ монда нашудааст, чӣ гуна ба роҳ монда шуд? Ин масъалаи дандоншикан.

Ба ҷиянам, ки дар деҳот зиндагӣ мекунад, дар ин хусус суол кардам, гуфт, ки аз сар шудани пандемия то анҷоми соли хониш ягон соат дарсро ба забони модариаш нахондааст. Дарсҳоро фақат тавассути телевизион ба забони ӯзбекӣ гӯш кардааст.
Меоем ба сари мавзӯи маоши даврони пандемияи муаллимон.
Агар дар қиёси кори худам бигӯям, корам дучандон афзуд. Якум, ин ки тарзи корбарӣ бо технологияи навро водор гардидан хубтару беҳтар омӯзам. Ба ҳар як соати дарс видеодарс ва аудиодарс таҳия намудам. Доир ба дарсҳо слайдҳо ташкил намуда, ба василаи шабакаи интернет ба донишомӯзони мактабҳои тоҷикӣ расондам. Аммо буданд падару модароне, ки барои гирифтани телефони оддӣ барои фарзандонашон гарданашон ёрӣ намедод.
Дар ҳар давру замон омӯзгор ҳамчун як шахси зиёӣ қувваи пешбарандаи ҷомеа аст. Албатта, ин ба муаллимони худогоҳ ва масъулиятшиносе тааллуқ дорад, ки бори заҳмати омӯзгориро хуб таҳаммул мекунанд. Педагоги рус А.Ушинский хеле хуб мефармояд: “Муаллим то он даме зинда аст, ки меомӯзад, чун аз омӯзиш бозмонд, симои муаллимии худро гум мекунад”. Аз ин рӯ, дар ҳоли хозир заҳмати ононро қадр кардан чӣ аз тарафи давлат ва чӣ аз ҷониби ҷамъият хуб эътироф шуда истодааст. Дар айни замон ҳастанд нафарҳое, ки мисли алафи печак кори омӯзгоронро ба ҳар гуна чалғоба печондан мехоҳанд. 
Ба сар шудани соли хониши нав ҳам рӯзҳои башумор монд. Ҳама тарафдори онем, ки ин тоҷвирус зудтар дар кишварамон батамом қатъ ёбад. Дарҳои маърифатгоҳ боз гарданд. Аз устод то донишомӯз – ҳама таълими минбаъдаро хурсандона ба роҳ монанд. Ҳам аҳли ҷомеа ва ҳам кулли волидон дар тарбия ва таълими насли наврас беш аз пеш бо камоли маҳбубият саҳмгузорӣ намоянд. Шояд ба ҳамин маънӣ бошад, ки шоир фармуда:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
 
Ҳикмат  СУЛТОНЗОДА,
омӯзгори мактаби таълими ҳамагонии №47 ноҳияи Чинози вилояти Тошканд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ