Аз имрӯз дар Самарқанд маҳдудиятҳои карантинӣ сабук карда шуд. Ба кадом навъҳои фаъолият иҷозат дода шуд?

Дирӯз ҷамъомади навбатии комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда оид ба мубориза бар зидди эпидемия баргузор гардид.
– Рӯзҳои охир дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавирус ба маротиба афзуд, — гуфт ҳокими вилоят Э.Турдимов. – Мутаассифона, адади бемороне, ки аз коронавирус вафот мекунанд, низ рӯз то рӯз зиёд мешавад. Бинобар ин, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тасмим гирифт, ки низоми ҳолати фавқулодаи байналмилалии вобаста ба пандемияи коронавирусро боз то се моҳи дигар дароз намояд. Дар ҷамъомади навбатии видеоселекторӣ, ки рӯзи 4-уми августи соли ҷорӣ зери раёсати Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев доир гардид, бори дигар вазъияти эпидемиологии мамлакат ба таври танқидӣ-таҳлилӣ баррасӣ гардида, ба роҳбарони ҳудудҳо супориш дода шуд, ки вобаста ба вазъияти эпидемиологии ҳудудҳо маҳдудиятҳои карантин зина ба зина сабук карда шавад ва баъзе соҳаҳо фаъолияти худро аз нав ба роҳ монанд.
Зикр гашт, ки маҳдудиятҳои карантин ба мардум, бахусус, ба шохаҳои иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонад. Аз ин рӯ, дар асоси хулосаи шӯъбаҳои ҳудудии Садорати ҳифзи тандурустии вилоят ва Маркази осоиштагии санитариву эпидемиологии вилоят, дар асоси муросо бо роҳбарони секторҳо хулосаи Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда оид ба мубориза бар зидди эпидемия қабул гардида, барои баъзе соҳаҳо аз 12-уми август маҳдудиятҳои карантин сабук карда мешавад.
Мувофиқи хулосаи комиссия аз имрӯз ба ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ бе рухсатномаи махсус (стикер) аз соати 06:00 то соати 23:00 иҷозат дода мешавад.
Инчунин, минбаъд объектҳои хӯрокхӯрии умумӣ низ дар асоси риоя ба як қатор қоидаҳо, чун нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ дар байни столҳо, дар атрофи як стол ҷой надодани беш аз чор нафар (агар аъзои як оила буда, аз 10 нафар кам бошанд, мумкин аст), бо ниқоб ва дастӯшаки тиббӣ кор кардани пешхизматҳо, пас аз рафтани мизоҷон безараргардонии сатҳи стол ва дигар таҷҳизот, аз соати 8:00 то соати 20:00 фаъолият бурда метавонанд.
Дар баробари ин барои баргузории шабнишиҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар дохили онҳо иҷоза дода намешавад.
Ғайр аз ин, ба фаъолияти дӯконҳое, ки бо савдои чаканаи маҳсулотҳои ғарихӯрковорӣ машғуланд, сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн, меҳмонхонаҳо (ғайр аз хостелҳо ва меҳмонхонаҳои оилавӣ), майдонҳои варзишӣ (бо шарти маҳдуд кардани шумораи ташрифоварандагон, манъи истифодаи хонаҳои шустушӯӣ), маҷмааҳои варзишӣ, маҳфилҳои спортӣ, толорҳои варзишӣ ва клубҳои фитнес, марказҳои таълимӣ, маҳфилҳо (бо иштироки на беш аз 10 нафар) ва корбарии ташкилотҳои таълими томактабии ғайридавлатӣ рухсат дода мешавад.
Ёдрас карда шуд, ки риоя ба қоидаҳои карантин ҳангоми фаъолият аз тарафи Садорати давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ назорат карда мешавад ва нисбат ба муассиса ва субъектҳои тадбиркорие, ки ба маҳдудиятҳо қатъӣ амал намекунанд, чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Таъкид гардид, ки минбаъд дар шифохонаи бемориҳои сироятии вилоят, диспансери кардиология ва поликлиникаи рақами дуввуми назди Донишкадаи тиббии Самарқанд қабули беморон боздошта мешавад. Минбаъд онҳо дар доираи самти фаъолияти худ кор пеш мебаранд. Ҳамаи бемороне, ки дар онҳо аломатҳои бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш (пневмония) аниқ гардидааст, танҳо дар шифохонаи махсус, ки ба қарибӣ барои 1000 нафар ташкил гардидааст, табобат карда мешаванд.
Хизмати матбуоти ҳокимияти вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ