Иттифоқи Аврупо: Интихобот дар Белорус дур аз озодиву адолат буд

Иттифоқи Аврупо: Интихобот дар Белорус дур аз озодиву адолат буд

  • Post category:Ҷаҳон


Жозеп Боррел, намояндаи олии корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятии Иттиҳоди Аврупо дар бораи интихоботи раисҷумҳурии Белорус баёнияи расмӣ эълон кард.
Дар баёния гуфта мешавад, “Интихоботи раисҷумҳурии гузаштаи Белорус озодиву адолат надошт. Ҳукумат аз зӯроварии номуносиб ва номақбул истифода кард”.
Ба гуфтаи Боррел, мумкин аст, ки Иттиҳоди Аврупо ба далели зӯроварии кормандони пулис ба эътирозгарон бар зидди Минск таҳрим (санксия) ҷорӣ кунад ва ин масъала ҳоло баррасӣ мешавад.
Чанде пеш кишварҳои Балтика ва панҷ кишвар Аврупои Шарқӣ таъкид карданд, ки ҳукумати Белорус бояд бо мухолифон гуфтугӯро оғоз кунад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ