Майдони “ҷазираи партовҳо” дар уқёнуси Ором бо Фаронса баробар шуд


“Ҷазира”-е, ки аз партовҳои пластикӣ дар уқёнуси Ором пайдо шудааст, рӯз то рӯз калонтар мешавад.
Олими уқёнусшинос Филипп Кусто, ки набераи Жак-Ив Кусто мебошад, мегӯяд, ки ҳоло мумкин аст, ки ин “ҷазира”-ро баробар бо майдони Фаронса тасаввур кунем.
Дар уқёнусҳо шумори чунин ҷазираҳо панҷто буда, онҳо натиҷаи “фаъолият”-и мавҷҳо аст. Мавҷҳо партовҳои пластикиро аз чор сӯи ҷаҳон ба як ҷой ҷамъ меоваранд. Калонтарини “ҷазираҳо” дар уқёнуси Ором ташаккул ёфта, он аз майдони иёлати Техаси ИМА бузургтар ва баробар бо замини Фаронса аст.
Филипп Кусто асосгузори бунёди ҳифзи табиат — EarthEcho International мебошад. Ӯ ҷавононро ба поксозии дарёҳо аз партовҳои пластикӣ ҷалб мекунад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ