Вазири таълими Ӯзбекистон мубталои коронавирус шуд


Шерзод Шерматов, вазири таълими халқи Ӯзбекистон дар канали худ дар Телеграм дар бораи мубталои коронавирус шуданаш хабар гузошт. Ӯ мегӯяд, ки дар бемористон муолиҷа шудааст ва ҳоло дар хонаи худ дар ҳоли “реабилитатсия” аст.
Шерзод Шерматов ба нафароне, ки ба вазъи саломатии ӯ бефарқ набуданд ва бо телефон ад ӯ ҳолпурсӣ мекарданд, сипосгузорӣ кардааст.
Ҳамчунин, Шерматов низ режими бетартиби кори давлатиро ёдовар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, вайрон шудани асаб ва кор то ними шаб инсонро хаста мекунад ва боиси вазнинтар гузаштани чунин бемориҳо мегардад.
Манбаъ: daryo.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ