Оё Лукашенко ба Туркия гурехт?

Оё Лукашенко ба Туркия гурехт?

  • Post category:Ҷаҳон


Александр Лукашенко, ки шашумин бор раисҷумҳури Белорус интихоб шуд, ба Туркия рафт. Дар ин бора расонаҳои хабарии Туркия менависанд.
Лукашенко бо ҳавопаймои EW-301PJ Белорусро тарк кард ва ба шаҳри Даламани Туркия ворид шуд. Чанде пеш дар бораи фирори Лукашенко ба Маскав хабарҳо паҳн шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Александр Лукашенко дар интихоботи раисҷумҳурии Белорус, ки рӯзи 9 август баргузор шуд, бо дарёфти 84,23 дарсад овоз ғолиб шуд. Ин боиси эътироз ва тазоҳури мардум дар Минск ва дигар минтақаҳо шуд.
Тазоҳуроти мардум ҳанӯз идома дорад. Ҳукумат барои пароканда кардани эътирозгарон гурӯҳҳои махсуси пулис – ОМОН-ро истифода мебарад.
То ҳол чандин нафар боздошт шудаанд, ки бархе аз онҳо хабарнигор мебошанд.
Манбаъ:qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ