Назмаш сеҳрофарину насраш рӯҳбахш буд

Назмаш сеҳрофарину насраш рӯҳбахш буд

  • Post category:Фарҳанг

Саидаҳмад Васлӣ дар гузари Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Касби падараш усто Азим кордсоз буд.
Саидаҳмад дар ҳафтсолагӣ аз падар маҳрум мегардад. Маълумоти ибтидоиро аз Мирзо Абдулҳамид ном шахс гирифта, дар айни вақт бо бародараш Нурмуҳаммад касби падариро давом медиҳад.
Аз соли 1883 таҳсилро дар шаҳри Тошканд, дар мадрасаи «Кӯкалдош» давом медиҳад.
Дар ҳаёти Васлӣ муҳити адабии Тошканд таъсири бузург гузошт. Ин ҷо бо асарҳои шоиру маърифапарварони номӣ шинос шуда, бо шоирони тараққипарвар Камӣ, Хислат мусоҳиб гашт ва маҳорати худро такмил дод.
Дар ҳаёти ӯ модар ва тағояш Абдулқосим ҳиссаи босазо гузоштанд. Баъди вафоти тағояш соли 1892 Саидаҳмад бо модараш ба Самарқанд бозмегардад ва баъди як сол бо мақсади давом додани таҳсил ба Бухоро меравад ва таҳсилро дар мадрасаи «Кӯкалдош» давом медиҳад.
Ин ҷо бояд гӯем, ки мадрасаи «Кӯкал­дош»-и Бухоро яке аз мадрасаҳои қадимтарин аст. Ба он таърихи ба мадрасаи мазкур бахшидаи Мушфиқӣ гувоҳ аст. Шоир дар Бухоро тамоман ба ҳаёти дигар рӯ ба рӯ мегардад. Толибилм 10-15 сол дар мадраса таҳсил кунад ҳам, бесавод мемонд. Дар мадрасаҳо таҳсил бе ягон нақшаю дастур мегузашт. Услуби дарсгӯӣ ба талаб ҷавобгӯӣ набуд.
Дарсхониву дарсдиҳии муллобачагону мударрисонро дар чанде аз мақолаҳояш, ки дар матбуоти даврӣ дарҷ гардиданд, зери тозиёнаи танқид мегирад:
Ба хорӣ мубтало арбоби дониш
Ки нодонро мукаррам офариданд.
Гурӯҳи фазлро дар олами ваҳм
Ба сад андӯҳ ҳамдам офариданд.
Эҷодиёти Саидаҳмад Васлӣ серпаҳлӯ аст. Ҳангоми мутолиаи асарҳои адиб дар он ақидаҳои пешқадамро, чун ҳимояи аҳли илму ҳунар ва мазлумон, танқиду мазаммати ҷоҳилон, тараннуми ишқи поки инсонӣ ва андешаҳои ахлоқиро мебинем. Аз ин рӯ, дақиқназарони охири асри XIX ва ибтидои асри XX ӯро ҳамчун шоири бомаҳорат ва соҳибистеъдод эътироф намуда, дар ҳаққи Васлӣ фикру ақидаҳои худро баён кардаанд.
Яке аз онҳо ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарами Бухороӣ дар «Тазкира-­уш-­шуаро»-и худ чунин гуфтааст. «…Авҷи табъи баланде ва таълифи нигоросори ҳунармандии мулло Саидаҳмад мударрис Васлии Самарқандӣ, назмаш дар сеҳрофаринӣ аз сеҳри ҳалол фоиқ ва насраш дар руҳбахшӣ чун оби зиндагонист…»
Ё ки гуфтаи зерини шоири тамаддунпарвар Таҷаллии Қошғарӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки Васлӣ дар шеъргӯӣ соҳиби ному мақоми хоса будааст:
Васлиест, ин ки дар сухан имрӯз,
Фахри лавҳу қалам бад-­он ояд.
Он, ки бар хони равшани ӯ,
Сад таҷаллияш меҳмон ояд.
Тӯтии нотиқе, ки з-­он оташ,
Пистаҳову шакардаҳон ояд.
Осмонест хотираш бемисл
Фикри ағёр ресмон ояд.
Соли 1907 олими тотор Абдурашид Иброҳимов ба Бухоро сафар намуда, бо Васлӣ вомехӯрад. Ҳини мулоқот шоир ба ӯ аз бетартибиҳои мадрасаҳои Бухоро ва идораҳои ҳукумат маълумот медиҳад. Сайёҳ А. Иброҳимов мақолаи танқидии худро дар рӯзномаи «Ахбор»-и Қазон нашр мекунад. Ин воқеа амир ва уламои ӯро ба ғазаб меорад ва қозикалони Бухоро шоирро зери тазйиқ мегирад.
Васлӣ аз тазйиқи нобакорон ба танг омада, бо воситаи роҳи оҳани Когон ба Самарқанд мегурезад. Дар Самарқанд дар мадрасаҳои Шоҳизинда, Орифҷонбой мударрисӣ мекунад ва дар як вақт бо ноширӣ шуғл меварзад.
Бояд гуфт, ки шоир ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, туркӣ, арабӣ як силсила асарҳои пурмазмуни илмию адабӣ ва фалсафӣ навиштааст.
Дар Самарқанд ҳавлии шоир ҳамеша бо шоирону маорифпарварон ва мухлисони адабиёт пур буд. Ба истеъдодҳои ҷавон сидқидилона ғамхорӣ мекард. Вай солҳои 1918-1922 дар мадрасаи Мирзо Улуғбек курси муаллимтайёркунӣ кушода, дарсгӯӣ кардааст.
Маҳфилҳои адабӣ ташкил намуда, ба нав­қаламон шеърнависӣ ва маҳорати адабиро меомӯзонад. Соли 1920 дар мадрасаи Тиллокорӣ низ маҳфили адабӣ ташкил мекунад, ки дар як вақт навқаламони ҳамонвақта Абдулқаюм Қурбӣ, Қорӣ Масеҳо Тамҳид, Ҳоҷӣ Муин, Қорӣ Шароф Мирзозода, Наберахӯҷа Хилъат, Абдулмӯъмин Сатторӣ, Ориф Гулханӣ ва дигарон иштирок намуда, маҳорати эҷодии худро такмил додаанд.
Алҳол ду девони шоир мавҷуд аст: «Армуғони дӯстон» (назми тоҷикии адибро дар бар гирифта, соли 1909 дар Самарқанд чоп гардидааст) ва девони «Тӯҳфат ул-­аҳбоб» (бо шеърҳои ӯзбекӣ соли 1912 дар Тошканд чоп шудааст). Ин девонҳо аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундари

ҷа басо рангин буда, дар шаклҳои гуногуни назм навишта шудаанд.
Ҳини тадқиқот маълум шуд, ки аз Васлӣ 28-то асар боқӣ мондааст. 16-тои он дар типографияҳои гуногун ҳангоми ҳаёт будани шоир чоп шудаанд. Боқимондааш ҳамчун дастхат рӯйи чопро надидаанд. Девони саввумини ӯ «Девони авохири умр» ном дошта, то ҳол дастрас нагардидааст.
Ғайр аз ин, «Тарҷимаи ҳоли худам ва тарҷимаи ҳоли дӯстонам» ном асари ӯ ҳамчун дастхат боқӣ мондааст.
Васлӣ адиби зуллисонайн ва мутарҷими бомаҳорат низ мебошад. Ў бештар асарҳои ахлоқӣ – дидактикиро тарҷима карда, ба самъи аҳли адаб расондааст. Чунончи асари Муҳаммад Ҳусайн-­ал-­Ҳанафӣ Толиби Буварии Муршидободиро бо унвони «Мебояд дид» соли 1912 аз форсӣ ба ӯзбекӣ тарҷима кардааст. Дар он мақол ва таъбирҳои олимони ҳамонвақта гирд оварда шудаанд.
Саидаҳмад Васлӣ шоир, олим ва тарҷимон буд. Ҳангоми тадқиқи асарҳои ӯ ва шиносоӣ бо эҷодиёти ин фарди бузург дарк менамоем, ки ӯ дар ҳамаи жанрҳои шеърӣ эҷод намудааст. Шеърҳои вай ғайр аз девонҳояш дар саҳифаҳои гуногуни матбуоти он давр сабт гардидаанд. Дар жанрҳои ғазал, мувашшаҳ, мусаддас, мураббаъ, маснавӣ, рубоӣ, таърих, қасида, тарҷеъбанд ва дигарҳо шоир озодона шеърҳо эҷод намудааст.
Саидаҳмад Васлӣ дар Самарқанд хонадор шуда, падари ду нафар фарзанд мегардад. Писараш соли 1941 дар ҷанги ҷаҳонӣ шаҳид шудааст. Духтараш соли 1950 аз олам чашм пӯшидааст.
Шоир, олим, мутарҷим, шахси маорифпарвар Саидаҳмад Васлӣ 29-уми октябри соли 1925 дар Самарқанд дар синни 55-солагӣ бар асари бемории диққинафас аз олам гузаш­тааст. Ба муносибати вафоти ӯ дар шумораи 274-и рӯзномаи «Қизил Ўзбекистон» таъзия эълон гардидааст. Таърихи зерин ба қалами Тамҳид мансуб аст:
…Чун рафт он сармояи камол
Ё раб кунун ман
аз кӣ хоҳам суроғи илм?
Парвонае ба маҳфили
ирфон ба гӯши ман,
Тамҳид гуфт: «Писари вафоташ «Чароғи илм».
Асарҳои ин шоири рангинсухан ва ширинбаён алҳол дар бойгонии пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Ўзбекистон ба номи Абу Райҳон Берунӣ маҳфуз аст.

Муайяна ХЎҶАЕВА,
Журналисти шоистаи Ўзбекистон.

Бо ҳар кас бо хушхулқӣ ва хурсандӣ, бо чеҳраи кушоду лафзи ширин сухан рон.
Худро аз сӯҳбати бадон нигаҳ дор, зеро, ки сӯҳбати бадон бадтар аз ҷаҳаннам аст.
Ҳар чизеро, ки ба худ раво набинӣ, ба дигарон низ раво набин.
Аз ҳазлу мутоиба ва фаҳшу суханронии беҳуда гурез, чунки онҳо гуноҳи азиманду афъоли бад.
Аз ғайбат, ҳирс, ҳасад, бухс, нифоқ, дурӯягӣ, худбинӣ, мутакаббирӣ, риё ва бахилӣ парҳез намо.

Аз китоби «Мебояд дид» тарҷима Саидаҳмад ВАСЛӢ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ