Мутахассиси амрикоӣ ба бехатар будани ваксинаи Русия бовар надорад


Энтони Фаучи, сардухтури бемориҳои сироятии ИМА ба бехатарии ваксинаи зидди коронавируси Русия бо назари шубҳаомез нигарист.
Ба гуфтаи Фаучи, ИМА метавонист дар ҳамин ҳафта ваксинаи худро тақдим кунад. Вале ҳанӯз ба бехатару самарбахш будани ваксина бовари мутлақ нест.
Ӯ мегӯяд, ки доруе, ки аз ҳама озмоишҳои зарурӣ нагузаштааст, эҳтимоли бесамар ва ҳатто зараровар будан дорад.
Чанде пеш Келлиан Конуэй, ёвари раисҷумури ИМА низ ваксинаи Русияро танқид карда буд. Ба гуфтаи Конуэй, ваксинаҳои Русия дар муқоиса бо ваксинаҳои амрикоӣ дар ақиб аст ва хеле кам озмоиш шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 август дар Русия нахустин ваксинаи зидди коронавирус ба номи “Спутник V” дар феҳристи давлатӣ сабт шуд.
Ин ваксина аз моҳи январи соли 2021 ба фурӯш хоҳад рафт. Мутахассисоне, ки ваксинаро сохтанд, таъкид мекунад, ки он дар муддати 2 сол дар бадани инсон бар зидди коронавирус иммунитет ҳосил мекунад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ