Бонуе, ки хабари гум шудани ӯ дар шабакаҳио иҷтимоӣ паҳн шуда буд, пайдо шуд

Бонуе, ки хабари гум шудани ӯ дар шабакаҳио иҷтимоӣ паҳн шуда буд, пайдо шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Бонуи 26-солае, ки чанде пеш дар Тошканд гум шуда буд, пайдо шуд.
Меҳрибону Искандарова, сокини маҳаллаи Шифокори ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд рӯзи 6 август тақрибан соати 08.30 аз хона берун рафта ва дигар барнагашта буд. Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари гум шудани ӯ паҳн шуд.
Бино ба хабари шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Тошканд, “Кормандони корҳои дохилӣ Меҳрибону Искандарова пайдо кардаанд, вазъияти саломатии ӯ хуб аст. Сабабе барои нигаронӣ нест”.
Шӯъбаи корҳои дохилии Тошканд дар бораи чӣ гуна пайдо шудани Искандарова ва дар ин муддат дар куҷо будани ӯ маълумот надодааст.
Манбаъ: daryo.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ