Италия низ Иттиҳоди Аврупоро тарк мекунад?

Италия низ Иттиҳоди Аврупоро тарк мекунад?

  • Post category:Ҷаҳон


50,8 дарсади шаҳрвандони Италия бовар доранд, ки кишварашон бояд дар таркиби Иттиҳоди Аврупо ва дар минтақаи истифодаи евро бимонад. Таҳқиқоти Termometro Politico, ки имрӯз мунташир шуд, ҳамин натиҷаро нишон медиҳад.
Ҳамагӣ ду ҳафтае пеш чунин пажӯҳиш нишон дода буд, ки 51,4 дарсади шаҳрвандони Италия тарафдори мондан дар таркиби Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.
38,4 дарсади мардуми Италия мехоҳанд, ки кишварашон иттиҳодро тарк кунад. 40,4 дарсади мардум мехоҳанд, ки Италия аз минтақаи истифодаи евро хориҷ шавад. 33 дарсад ҳам ину ҳам онро мехоҳанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ