«Кӯмаки молиявӣ саривақт расонида шуд»


Ҳоло мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии молиявии аҳолии эҳтиёҷманди ҳифзи иҷтимоӣ ва кӯмак дар давраи пандемияи коронавирус» дар ноҳияи Иштихон, ба ҳар як аъзои оилаҳои камтаъмин, ки ба дафтари оҳанин дохил карда шудаанд, 220 000 сӯм тақсим карда мешавад.
Аъзоёни гуруҳи корӣ бо кормандони бонк ба хонаи оилаҳои эҳтиёҷманд рафта, пулро ба соҳибонашон супурданд.
Дар 4 сектори ноҳия ҳам кӯмаки молиявӣ ба оилаҳое, ки дар «дафтари оҳанин» дароварда шудаанд, тақсим карда мешавад.

Албатта, дар назари аввал, ин маблағҳо барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти онҳо кофӣ нестанд, аммо дар шароити мураккаби имрӯза, онҳо метавонанд дар хариди маҳсулоти асосии ғизоӣ ва доруворӣ кӯмак кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ