Ба аҳолӣ баллонҳои безараркардашуда расонида мешавад

Ба аҳолӣ баллонҳои безараркардашуда расонида мешавад

Дар ноҳияи Каттақӯрғон ҷамъ 48975 хонадон бо газ таъмин буда, аз он 14213 –тоаш бо гази табиӣ ва 34762 –тоаш бо гази моеъ таъмин карда шудааст.
Дар давраи карантин барои расонида додани гази табиӣ ба ҳудудҳои дурдасти ноҳия филиали шӯъбаи «Каттақӯрғонтумангаз»-и назди «Ҳудудгаз Самарқанд» вазифадор мебошад.
– Дар айни ҳол расонида додани баллонҳои гази безараркардашуда дар асоси амал ба қоидаҳои карантин вазифаи муҳими идораи таъминоти газ ба шумор меравад. Дар ин хусус дар шӯъба як қатор корҳои амалӣ бурда истодаанд, – мегӯяд мутахассиси шӯъбаи «Каттақӯрғонтумангаз» Шерзод Ҳайдаров. – Дар истеъмолчиёни газ 2349 –то баллонҳои гази шахсӣ мавҷуд буда, илова бар он аз ҳисоби идора дар асоси шартнома ба муддати муайян 36162 –дона баллонҳои гази моеъ тақсим карда шуд. Дар шахобчаи газтақсимкунӣ ҳангоми пур кардани газ он аз рӯйхати техникӣ гузаронида мешавад. Ғайр аз ин, аз ҷониби идора баллонҳо аз аҳолӣ ғундошта, безарар карда, баъд ба аҳолӣ тақсим карда мешавад.
Баллонҳои газе, ки бо баъзе сабабҳо саривақтӣ расонида нашавад, аз тарафи мутахассисон масъ­ала мусбат ҳал гардида, эҳтиёҷи истеъмолчиёнро қонеъ гардонида мешавад. Дар навбати худ ин амал барои фаровонӣ ва беҳсозии шароити зисти аҳолӣ хизмат мекунад.
Барои таъмин ва саривақт расонидани баллонҳои гази моеъ ба аҳолӣ аз ҷониби филиал 4 –то нақлиёти махсуси хизматии ISUZI ҷудо карда шудааст.

Хизмати Матбуоти филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ