Нархи ваксинаи зидди коронавируси Русия чанд пул аст?

Нархи ваксинаи зидди коронавируси Русия чанд пул аст?

  • Post category:Ҷаҳон


Алексей Репик, раиси шӯрои мудирони ширкати “Р-фарм” гуфт, ки нархи 2 дозаи ваксина барои кишварҳои хориҷӣ ҳадди ақал 10 доллар хоҳад буд.
Ба гуфтаи Репик, вақте, ки истеҳсоли саноатии ваксина ба сурати густурда оғоз мешавад, нархи ваксина низ арзонтар мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 11 август дар феҳристи давлатӣ сабт шудани нахустин ваксинаи зидди коронавирусро эълон кард. Ин ваксина, ки дар пажӯҳишгоҳи вазорати мудофиаи Русия сохта шуд, “Спутник V” ном гирифт.
Путин гуфт, ки ваксина дар озмоишҳо самарбахшии худро исбот кард ва асорати ҷиддӣ нагузошт.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ