Футболбозони ПСЖ дар лаҳзаҳои охирин Томас Тухелро аз истеъфо наҷот доданд


Шаби гузашта нахустин клуби иштироккунанда дар давраи ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо муайян гардид. Дар нахустин рақобати чорякниҳоӣ дар шаҳри Лиссабон ПСЖ-и Фаронса ба “Аталанта”-и Италия рӯбарӯ шуд. Дар дақиқаи 26-ум Пашалич, футболбози “Аталанта” дарвозаи парижиҳоро ишғол кард. Ин натиҷа то дақиқаи 89-ум тағйир наёфт. Вале, ПСЖ иродаи худро намоиш кард ва дар дақиқаҳои 90 ва 90+3 тавонист бо ду гол мағлубиятро ба ғалаба табдил диҳад. Маркиниос ва Шупо Мотинг дар ин шаб қаҳрамонони Париж шуданд.
Бо ин ҳол, ПСЖ баъди 25 сол бори дувум ба даври ниманиҳоии мӯътабартарин мусобиқаи клубҳои Аврупо раҳсипор шуд. Нахустин иштироки “Аталанта” дар Лигаи қаҳрамонон дар даври чорякниҳоии мусобиқа ба поён расид.
Ёдовар мешавем, ки имсол рақобатҳои даври чорякниҳоӣ ва ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо аз як бозӣ иборат аст.
Умед Фарҳодзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ