Xiaomi нахустин телевизори шаффофро тақдими ҷаҳон кард

Xiaomi нахустин телевизори шаффофро тақдими ҷаҳон кард

  • Post category:Ҷаҳон


Ширкати чинии Xiaomi нахустин телевизори шаффофро, ки Xiaomi Mi TV LUX OLED Transparent Edition ном дорад, тақдим кард. Дар ин бора «Korrespondent.net» хабар дод.
Дисплейи ин телевизор 55 дюймӣ буда ғафсии он 5,7 миллиметр аст. Нархи телевизор тақрибан 7,2 ҳазор доллар мебошад.
Телевизор дар вақти хомӯш будан мисли оина шаффоф аст.
Қабл аз ин Panasonic, LG ва Samsung низ лоиҳаи телевизори шаффоф доштанд. Вале, бо сабабҳои гуногун ширкатҳо лоиҳаи телевизори шаффофи худро амалӣ накарданд, ё натавонистанд.
Фурӯши телевизорҳои шаффофи Xiaomi аз 16 август дар Чин оғоз мешавад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ