Мутахассис аз мавҷи сеюми коронавирус огоҳ кард


Пандемияи коронавирус, ба монанди тамоми эпидемияи вирусӣ, мавҷи сеюмро аз сар мегузаронад.
Айнан чунин фикрро профессор Михаил Палсев, академики Академияи илмҳои Россия ва директори Маркази иммунология ва биотиббиёти молекулавии Донишгоҳи давлатии Ломоносови Москав изҳор кардааст.
Академик пандемияи испании асри бистро ба ёд овард, ки дар се мавҷ сурат гирифт.
«- Мавҷи аввал хеле вазнин аст, дуюмаш оз он ҳам вазнинтар ва сеюм бо сабаби ташаккули иммунитети оммавӣ камтар мешавад» — гуфт Палсев.
Назар ба гуфтаи Палсев, иммунитети оммавӣ дар сурате пайдо мешавад, ки 60 фоизи аҳолӣ ба ин вирус сироят мекунанд. Агар ин рақам 95 фоизро ташкил диҳад, пас дар амал, ин сироят аз байн меравад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ