Дареғо, ки хирадманд мирад…

Дареғо, ки хирадманд мирад…

  • Post category:Фарҳанг

Сад дареғ, ки Самарқанди кўҳан аз фарзанди асили худ, фидоии илму адаб, посдори осори бузургон, донишманд ва тарғибгари таърихи куҳани шаҳри бостонӣ ва дилбанди асили худ ҷудо шуд.
Инсони дилёбу дидадаро, эҳёгари осор ва манзили устод Айнӣ, ба қавли аҳли илму адаб писархонди устод моро ба як умр тарк кард.
Ин ҷудоӣ барои аҳли илму адаб, баҳри онҳое, ки Абдукарим Ғанизодаро хуб мешинохтанд, бо асарҳои безаволи ў аз наздик шинос буданд, басо ҷудоии пурдарду алам аст ва чунончӣ Салим Кенҷа навиштааст, «дар фироқи ў чашми мо чашма гардид…»
… Қариб бист сол пеш ба писари калониам Миршакар арўс оварда будам. Зимистон буд. Тўй дар ҳавлии навамон дар деҳаи Чунгул барпо гашт. Дар саҳни ҳавлӣ барои меҳмонони зиёд ҷой тайёр кардем. Азбаски охири моҳи декабр буд, ба ҳар эҳтимол саҳни ҳавлии бо қолинҳои ранга орододашударо пўшидем.
Ғайри чашмдошт шабона барфи зиёде борид. Барфи кўрпавор…
Ҳамсояҳо ва хешу табор саҳни ҳавлӣ ва болои боми тўйхонаро аз барф тоза карданд.
Тўй дар нисфирўзӣ мебоист барпо гардад. Як гўшаи дилам сиёҳ буд…
Лек хушбахтона хуршед нур пошид. Меҳмонони зиёд кошонаи зеборо мунаввар карданд. Ташриф овардани гурўҳи аҳли илму адаби Самарқанд диламро боз равшантар намуд.
Ба тўй рўзноманигори ҷавон Озод Ҳамидзода файз мебахшид ва чун суханро ба устод Абдукарим Ғанизода дод, чеҳраи ҳама гулгун шуд ва устод бо салобати зебанда ва чеҳраи хандон ба саҳна баромада, сухан оғоз карданд.
Ман медонистам, ки имрўз хуршед ханда мекунад ва ин барфи сафед рамзи хушбахтии ояндаи арўсу домод ва фаровонии ризқу рўзии мост.
Устод дар бораи оилаи мо бо самимият сухан ронда, домоду арўсро хушбахтиҳо таманно намуданд ва достони «Ҷони ширин»-и устод Мирзо Турсунзодаро аз ёд хонданд. Он қадар бо ҳиссу ҳаяҷон, чун санъаткори номӣ хонданд, ки ҳама ба ҳайрат омада, таҳсин гуфтанд.
Ман аз хурсандӣ он лаҳза гўё ба осмонҳо парвоз мекардам…
Дар бораи мухлиси ҳақиқии рўзномаи «Овози Самарқанд» будани устод ҳарфе нагўям виҷдонам озор медиҳад. Беқаророна ҳар як шумораи рўзномаро интизор мешуданд ва ҳафтае ду бор маро назди дарвозаашон, дар рў ба рўйи мақбараи Амир Темур худашон қабул мекарданд ва бо эҳтирос дар бораи рўзнома навишта буданд:
Ту ҳастӣ рӯз чун шамсу
шабона ҳамчу маҳтобӣ,
Барои бахту тахти
халқи мо ҳаргиз намехобӣ.
Бихоҳам, ки ба дунё
доимо нашъунамо ёбӣ,
Зи ту меболаму менозам
«Овози Самарқандам».
Хуш овози ту ҳаст овозам,
«Овози Самарқандам».
Ман се сол боз рўзномаҳои тару тозаро ба хонаашон меовардаму дуояшонро мегирифтам. Чунки устод аз аввалинҳо шуда ба рўзнома обуна мешуданд ва интизори шумораҳои он менишастанд. Ман намехостам, ки интизории устод дер тӯл кашад.
Вақте фурсат доштам, таклифашонро рад накарда, дар атрофи як пиёла чой сўҳбатҳои гарму самимӣ мекардем.
Аз таърихи шаҳру шахсони барўманди Самарқанд нақлҳои шавқовару ҷолибро нақл мекарданд. Дар бораи устод С. Айнӣ, хонадоршавии устод, фарзандон ва ҳамсарашон Салоҳатбону, дар бораи Беҳбудиву Шакурӣ, Гулханиву Тамҳид ва Қурбиҳо нақлҳои аҷоиб мегуфтанд, аз осорашон қироат мекарданд.
Сипас, ман бо чеҳраи болида сўйи зодгоҳ мерафтам ва боз чанд нусхаро ба мухлисон мерасонидам.
Ман устодро хеле эҳтиром мекардам ва аз самими қалб чун аҳли оила «акакалон» мегуфтам.
Сад афсӯс, имрўз устоди эҷодкор ва донишманд дар бари мо нестанд. Лекин кору номи нек ва асарҳои безаволашон «Меҳрнома», «Кошонаи бахт», «Махзани илҳом», «Ба ҳазор дароӣ», «Ҷони ширин» ва асари охиринашон «Мухтасари тарҷимаи ҳолам», ки омодаи чоп буд, чун боигарии миллат ба мардуми мо, шояд ба халқҳои ҷаҳон низ хизмат хоҳад кард ва устод умри дубора хоҳанд дид. Имрўз ба пайвандони устод ва дўс­тонашон ҳамдардии худро изҳор карда мегўям:
Номатон ҷовидон бод! Боз ҳазорсолаҳо дар дилу дидаи мардум абадӣ бимонед, устоди киромӣ. Ҷоятон дар пешгоҳи ҷаннат бошад!

Мирсафо КАМОЛӢ, собиқадори матбуот ва маориф.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ