Таҳсил, ҷустуҷӯ, ҳаракат – калиди муваффақият

Таҳсил, ҷустуҷӯ, ҳаракат – калиди муваффақият

  • Post category:Варзиш

Дар ташаккули маънавияти ҷавонон ва барои ҳангоми таътил пурмазмун ташкил кардани вақти холии онҳо, мактабҳои ҳамагонӣ саҳм ва мавқеи алоҳидаро соҳибанд. Аз ин рӯ, дар мактаби таълими умумии рақами 30-и ноҳияи Ҷомбой ба ин масъала эътибори алоҳида медиҳанд.
Ҳоло дар ин мактаб фаъолияти беш аз 40 маҳфил ба роҳ монда шудааст, ки роҳбарони маҳфилҳо дар шароити пандемия ба хонандагон тавассути иловаи «ZOOM» ба тариқи онлайн машғулотҳо мегузаранд, аз рӯйи самтҳои эҷоди бадеӣ ва техникӣ, экология ва кишваршиносӣ кор мебаранд. Хонандагон ба тариқи онлайн донишҳои худро бобати истифодаи компутер такмил дода, забони англисиро меомӯзанд. Инчунин, метавонанд дар маҳфилҳои «Адабиётшиносони ҷавон», «Техникҳои ҷавон», «Тарроҳи либосҳо», «Дастони моҳир», «Ошпази ҷавон» ва якчанд намудҳои варзиш, чун гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка иштирок кунанд. Муассисаи таълимӣ дар ин самт бо мактаби бачагонаи «Авлоди баркамол» низ ҳамкориро ба роҳ мондааст.
– Дар мактаби мо беш аз 360 нафар хонандагон таҳсил мегиранд, – мегӯяд директори мактаб Шоҳиста Юсупова. – Пас аз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои карантин дар мамлакат хонандагони мо ҳам ба тариқи масофавӣ – дар асоси платформаи модул таҳсилро давом дода, соли хониши 2019-2020-ро бомуваффақият ба анҷом расонданд. Мо барои ба ин навъи замонавии таълим гузаштан солҳо инҷониб тайёрӣ медидем ва бо тақозои шароит ин платформа дар амал татбиқ гардид. Бо саъю ҳаракати омӯзгорони пешқадам мо дар фурсати кӯтоҳ ба тариқи онлайн ташкил кардани дарс­ҳо, машғулоти амалӣ ва дарсҳои кушод муваффақ гардидем. Албатта дар ин самт, саҳми омӯзгорони ботаҷриба хеле назаррас гардид, ки яке аз чунин омӯзгорони фаъолу ташаббускор ва соҳибис­теъдоду ӯҳдабаро Лайло Юсуфова мебошад.
Бояд гуфт, ки Лайло Юсуфова омӯзгори бомаҳорати синфҳои ибтидоӣ мебошад. Соли 2003 факултети таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм карда, тӯли солҳо ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад. Муаллимаи навҷӯй ва навпардоз аст. Доим барои ҷолибу шавқовар ба таври ба худ «хос» гузаронидани дарсҳо мекӯшад. Чанде пеш бо ташаббуси ин муаллимаи фидокор ва соҳибмалака дар байни аъзои гурӯҳи «Гулшани умед» дар доираи панҷ ташаббуси муҳим бо иловаи «ZOOM» ба тарзи онлайн озмун баргузор гардид. Дар он хонандагон бо риоя ба қоидаҳои карантин дар доираи панҷ ташаббус саҳначаҳо намоиш доданд дар миқёси ноҳия дар радифи даҳгонаи беҳтарин эътироф шуданд.
– Натиҷаи заҳмат ва ҳаракати омӯзгорони мактаб аст, ки хонандагон дар озмун, мусобиқа ва фестивалҳо бомуваффақият иштирок мекунанд, – мегӯяд омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Лола Юсуфова. – Ҷамоаи мактаб дар зинаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ниҳоии озмун-­азназаргузаронии «Ғунчаҳои умед», «Зарб-­доирачиҳои ҷавон», инчунин, фестивали «Бачагони эҷодкор» чанд маротиба ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Чанде пеш устод-­мураббиёни мактаб боз ба як амали хайр даст заданд. Дар назди боргоҳи таълимӣ мактаби устоду шогирд ташкил гардида, ҳоло ба ҳар як хонанда як нафар омӯзгори ботаҷриба вобаста карда шудааст. Албатта, ин барои инкишофи салоҳияти психологии донишомӯзон мусоидат мекунад.
Таҳсил, ҷустуҷӯ, ҳаракат калиди муваффақият мебошад. Ҳоло ҷамоаи омӯзгорони мактаби таълими умумии рақами 30-и ноҳияи Ҷомбой ба соли хониши нави 2020-2021 тайёрии ҳамаҷониба мебинанд. Зеро дар пеши онҳо вазифаи муқаддас ва бузург – тарбияи насли аз ҳар ҷиҳат солим ва комил қарор дорад.

Зебинисо ҲАМРОЕВА,
омӯзгори Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ