Ӯзбекистон дар бораи коронавирус филми мустанад месозад


Ширкати давлатии “Ҳужжатли ва хроникал филмлар киностудияси” бо супориши “Ӯзбеккино” бо номи “Синовли кунлар” филми мустанад месозад. Дар ин бора маркази матбуотии “Ӯзбеккино” хабар додааст.
Ин филм дар бораи паҳншавии коронавирус дар Ӯзбекистон, ҳамбастагии раҳбари давлату халқ дар ҷараёни мубориза бо он, дар бораи шифокорону низомиёни қаҳрамон ва дар бораи шаҳрвандоне, ки дар чунин рӯзҳои душвор ба ҳамдигар меҳру мурувват нишон доданд, ҳикоя мекунад.
Филм дар вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Самарқанд, Сирдарё, Андиҷон ва шаҳри Тошканд ба навор гирифта мешавад. Дониёр Шокиров режиссёр ва нависандаи филмнома (сценарий) мебошад. Коргардон Саид Далилхон Саид Турғутхонов аст.
Манбаъ: daryo.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ